Роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

2024-05-22

Рӯзи 21 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии идонаи ҷавонон баргузор гардид. Ҳазорон нафар ҷавонони саодатманди диёр аз назди Маҷмааи фарҳангиву таърихии "Истиқлол" то назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки макони баргузории чорабинии идона интихоб шуда буд, роҳпаймоӣ намуданд.

Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон зери роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида истодааст.

Зеро ҷавонон ҳамчун нерўи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон мавқеи муҳим мегузоранд.

Қабул ва мавриди амал қарор гирифтани силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, квота ва ҷоизаҳои Президентӣ барои ҷавонон, роҳандозӣ гардидани иқдомҳои шоиста дар самти дастгирии ҳамешагии ташаббусҳои неку наҷиби ҷавонони соҳибистеъдод ва амсоли инҳо шаҳодати равшани гуфтаҳои болоист.

Маҳз иродату садоқат ва кўшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдомҳои шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони мо муваффақона дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат сарбаландона фаъолият намуда истодаанд.