Чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” баргузор гардид
2024-05-22
21 майи соли 2024,
ҷиҳати баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ дар доираи эълон гардидани “Моҳвораи
ҷавонон” бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, инчунин вобаста ба иҷрои барқияи
электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 13.05.2024, №40 ҷиҳати
сазовор таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, дар Кумитаи иҷроияи
ибтидоии “Муҳандис”-и ҲХДТ дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии сиёсӣ -
фарҳангӣ таҳти унвони “Дунёи ҷавонӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷурабек, раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар, муовини Раиси
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-Чоршанбезода Сураҷ, ректори ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, раиси КИИ “Муҳандис”
– Давлатзода Қудрат, аъзои фаъоли ҳизб, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони
Ватан”, донишҷӯёну ҷавонони фаъол ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ,
сараввал ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ аз дастовардҳои илмию
инноватсионӣ, ихтироотҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварҳои варзишии ДТТ ба номи
академик М.Осимӣ дидан намуданд.
Дар идома, қисмати
сиёсии чорабинии мазкур бо суханони ифтитоҳии раиси КИИ “Муҳандис”- Давлатзода
Қудрат оғоз гардид.
Дар ин радиф,
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷурабек, раиси
Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар ва муовини раиси
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –
Чоршанбезода Сураҷ баромад намуда, сараввал кулли иштирокдорони чорабинӣ ва дар
баробари онҳо тамоми ҷавонони кишварро ба муносибати “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”
самимона шодбош намуданд.
Зимнан, зикр гардид,
ки ҳамасола дар кишвари хуршедии нуррезу зархезу дилангези мо - Тоҷикистони
азиз санаи 23 май ҳамчун “Рӯзи ҷавонон Тоҷикистон” бо шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн
гирифта мешавад. Ҷавонони
саодатманди кишвар имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ бо дастовардҳои
назаррас ва муваффақиятҳои калон ширкати фаъолона варзида, барои баланд
бардоштани мақоми кишвари соҳибистиқлоламон собитона қадам мезананд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта,
Ҳукумати мамлакат бо Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитро барои насли
ояндасозу ватанпараст ҷиҳати зиндагиву фаъолияти шоиста муҳайё сохтаанд.
Дар идомаи чоабинӣ, як
қатор фаъолони КИИ “Муҳандис” бо ифтихорномаву сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Шоҳмансур ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии
чорабинӣ, аз ҷониби дастаи ҳунарӣ ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ барномаи зебои
консертӣ пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд.