Созандагони имрӯзу фардои Ватан

2024-05-21

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи созанда ва тавонои ҷавонони кишвар эътимоди қавӣ дорад ва нақшаи онҳоро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ниҳоят муҳим арзёбӣ менамояд. Бинобар ин сохторҳои ҳизбӣ дар оянда низ бояд фаъолияти хешро ҷиҳати ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ тақвият бахшида, бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилу ҳамоишҳо барои ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрӯзу фардо эътибори ҷиддӣ дода, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву шукуфоии кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва истифодаи оқилонаву дуруст аз ин захираи стратегии зеҳнии шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту субботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Фаро гирифтани ҷавонон бо касбомӯзӣ, донишандӯзӣ ва бунёдкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардан барои миллати созандаю эҷодкор аст.

Дар баробари ин, ба ҷавонон омӯхтани арзишҳои волои инсонии ниёгону дастовардҳои башарии олами мутамаддин аз вазифаҳои муҳими аҳзоби воқеан халқист.

Ба ҷавонон дар баробари эҳсоси худшиносии милливу зурури ватандорӣ омӯхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳангӣ-миллӣ дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда шарт ва зарур аст. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳаллу фасли эҳтиёҷоту мушкилоти ин табақаи аҳолӣ зина ба зина тадбирҳои мушаххас андешем, чунки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлату миллат буданд, ҳастанд ва оянда низ чунин хоҳанд буд. Ба андешаи ман чун як зиёии ин кишвари соҳибистиқлол ҳамаи ин нуқтаҳоеро, ки дар боло зикр намудем, суханронии хотирмону дилгармонаи Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” – аст, ки ҳар як шаҳрванди соҳибзавқро ба ваҷд меорад ва ҷавонони кишварро ба ояндаи дурахшон рОҳнамун месозад. Баъди чунин ғамхориҳову дастгириҳои Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, истифодаи нерӯи созандаи ин табақаи сершумор дар ҷараёни эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳимояи онҳо аз дахолати таъсири андешаҳои иртиҷоӣ ва кӯшиши таҳмили ақидаҳои бегона дар мафкураи онҳо ҳалли мусбати худро ёбад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳои ҷовидонае мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро ба маънии зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ табдил диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин мо метавонем давлати воқеан ободу пешрафта ва тавоноро бунёд намоем. Дар ҳамин таъкидҳо, дастуру ҳидоятҳои ҷониби Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Қурбонова Ширин, доктори

илмҳои таърих, муовини раиси

КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ