Таваҷҷуҳ ба рушди футбол

2024-05-21

Бо мақсади ҳамовозӣ аз қабули пешниҳоди Раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам        Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии №2-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши варзишгарон баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш мушовири раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов ва роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - и шаҳр Эҳсонҷон Исоев ширкат намуданд.

Зимни мулоқот бо варзишгарони наврас мушовири раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Маликисломӣ Наим аз номи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода кулли варзишгаронро бо пазируфта шудани ташаббуси Раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфт.

Номбурда аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуда, аз ҷавонон ҷиҳати пайваста машғул шудан ба варзишро даъват ба амал овард.

Гуфта шуд, ки Раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф карда шавад ва дар Созмони Милали Муттаҳид тавассути қабули Қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад.

Дар робита ба ин, рӯзи 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80 пленарии иҷлоси 78-уми Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футболро”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Баҳрайн ва Давлати Ливия таҳия ва пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Инчунин, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.