“ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР” - БЕҲТАРИН ЁДГОР
2024-05-21
Президенти
мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш
таъкид кардаанд, ки “Халқи тоҷик таърихи беш аз шашҳазорсола дорад”.
Бе
надонистани таърих ояндасозӣ ғайриимкон аст. Дар олам кам миллатҳое арзи ҳастӣ
доранд, ки дорои таъриху фарҳанги бой бошанд.
Миллати
тоҷик бо осори ниёгони худ, таърихи бою ғанӣ ва нобиғагони оламшумулаш дар
байни дигар қавму миллатҳои олам ҷойгоҳи хоса дорад.
Бо
ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар
самти шинохт ва муаррифии миллат, эҳтироми забон ва таърих корҳои зиёду
бесобиқа анҷом дода шудааст.
Аз номи
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони кишвар туҳфа гардидани
шоҳасари академик Бобоҷон ғафуров “Тоҷикон” ва ташаббуси дигари Пешвои миллат -
бознашр гардидани “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро таърих ёд надорад,
яъне, ин аввалин иқдом аз ҷониби Роҳбари давлат мебошад.
Рў
овардани Пешвои миллат ба таърих беҳикмат нест. Дар ин самт аз ҷониби Роҳбари
давлати мо як силсила асарҳои арзишманде офарида шудаанд, ки “Чеҳраҳои
мондагор” дар ин радиф ҷойгоҳи махсус дорад. Ин асар осори таърихӣ буда, дар он
суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷой дода шудааст.
Асари
мазкур дар шинохти миллат, эҳтироми давлат ва зиндаву ҷовид нигоҳ доштани як
зумра бузургони халқи тоҷик, барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва тараннуми эҳсоси
ватандориву худогоҳӣ хидмати бемислеро ба сомон мерасонад.
“Чеҳраҳои
мондагор” арзиши илмиву таърихӣ, маънавиву тарбиявиро дорост. Гузашта аз ҳама,
дар ин асар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадру манзалат ва мақоми забони давлатӣ
эҳтироми махсус гузоштаанд. Дар ин ҷо пайвасти ногусастании илму амал аз ҷониби
Роҳбари давлати мо собит гардидааст.
Маҳз бо
ибтикору талошҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омўзишу таҳқиқи
забон ва таърихи он таваҷҷўҳи хоса зоҳир гардид ва он ҳамчун яке аз рукнҳои
муҳимми давлатдорӣ шинохта шуд.
Далели
раднопазири нуктаҳои дар боло зикргардида ин таълифи китоби “Забони миллат-
ҳастии миллат”-и Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳар
нафаре, ки аз мутолиаи китоби мазкур баҳравар гардидааст, аз рўзгору осори
шахсиятҳои шинохтаи таърихиву фарҳангии миллатамон огаҳӣ пайдо намуда,
маълумоти арзишмандро дастрас кардааст. Муаллифи нуктасанҷ дар китоби «Чеҳраҳои
мондагор» баҳри огоҳ шудани насли нав аз рўзгори пурихтилофи гузаштагонамон ва
симоҳои саршиноси халқамон таваҷҷуҳ карда, ба насли имрўз муҳим будани омўхтани
таърихи гузаштаи хешро махсус таъкид менамояд. Зеро, аз саҳифаҳои таърих огаҳӣ
дорем, ки масъалаи худшиносӣ аз замонҳои қадим дар меҳвари илму дину давлат
қарор дошт.
Чанд
ҳазор сол пеш юнониён дар маъбаде бузург, ки барои поси яке аз маъбудони худ -
Апполон бунёд карданд, дар пештоқи он навишта буданд: “Худро бишнос!” Дар аввал
шояд дар нигоҳи хонанда ин ду калима сода намояд, аммо дар таркиби ҳамин ду
калима олами маънӣ нуҳуфтааст.
Зарурати
ба миён омадани таълифи китоби “Чеҳраҳои мондагор” низ ҳамин асолату рисолатро
адо менамояд. Зеро, танҳо қишри хирадгори ҷомеа метавонад дар рушди тафаккури
мардуми худ таъсири мусбат расонад.
Танҳо
сабақи таърих инсониятро роҳнамоӣ мекунад, то ба боргоҳи мақсуду умед бирасад.
Тавре ки худи Пешвои миллат дар китобашон баён менамоянд, мутолиаи “Чеҳраҳои
мондагор” барои дар қалби ҷавонон бедор кардани меҳру муҳаббат, садоқату
вафодорӣ мусоидат намуда, ба онҳо ифтихор аз таърихи пуршарафи гузаштагонро
меомўзонад.
Барои
тақвияти нуқтаҳои боло иқтибосе аз Саолибии Нишопурӣ меоварем: “Ба ростӣ, ки
пойдории мардумон ба замон вобаста аст ва замон ба фармонравоӣ ва фармонравоӣ
пас аз Худованд корҳои бандагонро ба онон вогузоштааст ва сарриштаи кишварро
бар онон супурдааст. Бар ин поя, ойин ва зиндагӣ ва ҷаҳон бе онон устувор
намемонад”.
Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин асар доир ба саҳифаҳои пурпечутобу
пурифтихори таърихи халқи тоҷик маълумоти судманд овардаанд. Бале, ҳар фарди
тоҷик ҳақ дорад ифтихор дошта бошад аз фарҳангу таърих, забони нобу расму
анъанаҳои аҷдодони тамаддунофари хеш.
Дар ин
китоби арзишманд аз чеҳраҳои таърихӣ то қаҳрамонони дирўзу муосир маълумоти
муфассал гирд оварда шудааст.
Низора
Олимзода,
раиси
Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ
дар шаҳри Левакант