СОЗАНДАГОНИ ВАТАНЕМ
2024-05-21
Мо ҷавонони даврони
истиқлол хуштолеъ мебошем, зеро имрӯз барои мо шароитҳои хуб муҳайё шудаанд.
Пас мо ҷавононро зарур аст, ки ҳамеша аз пайи илму дониш шуда, барои боз ҳам
беҳтару зебо гардидани Ватани азизу маҳбубамон саҳмгузор бошем.
Имрӯз, мо ҷавононро
мебояд, ки тамоми он дастовардҳоеро, ки дар давоми 32 соли Истиқлоли давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил
гардидаем, доимо устувор ва мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро
ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи
ҷомеъа эътироф кардаанд, инчунин ҷавонони кишвар низ худро воқеан ҳам давомдиҳандагони
ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро
сармашқи кори худ қарор
дода, фаъолияти хешро ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи
давлату миллат ба роҳ мемонанд.
Дар ҳар давру замон
ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд. Хосатан масъалаи
ҷавонон дар сиёсати давлатдори аҳмияти махсуси аввалиндараҷа дорад ва ба
ҷавонон ҳамчун нерӯи азим диққат зоҳир менамоянд.
Ҳисси баланди миллӣ,
худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонон ба Ватан,
миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ асоси имрӯзу фардои Тоҷикистони
соҳибистиқлол мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ба
масъалаи тарбияи ҳаматарафаи ҷавонони кишвар ҳамчун самти муассир ва
муҳимтарини сиёсати давлат таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Имрӯзҳо ҷавонони даврони
соҳибистиқлолии Ватан бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди
Ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар –
Ватан содиқона хизмат мекунанд.
Ҷавонон неруи бузург
дар рушди ҳамаи соҳаҳои мамлакат мебошанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи
чунин неруи бузург пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлатамон
ғайриимкон аст.
Бо назардошти
манфиатҳои миллӣ ҷавононро зарур аст, ки эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ,
таҳамулгароӣ ва ҷаҳонбинии дунявии хешро тақвият бахшанд.
Давлатова Манзура,
мутахассиси шуъбаи
занони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Шоҳмансур