БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ НАМУДИ ФУТБОЛ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ШАРОРАИ ШАҲРИ ҲИСОР

2025-05-21

Бо мақсади иҷроияи қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 15 майи соли 2024 оид ба баргузории “Ҳафтаи футбол” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар деҳаҳои шаҳри Ҳисор футбол роҳандозӣ гардид.

Дар маросими мусобиқаи мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор - роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор – Шарипов Эраҷ ва сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор Ҳабибзода Сунатулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ ва дар доираи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо усули деҳа ба деҳа, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони кишвар ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва тарғибу ташвиқи футбол миёни аҳолии кишвар роҳандозӣ гардида, дар шаҳри Ҳисор дар сатҳи баланд баргузор шуда истодааст.

Намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор, иттилоъ дод, ки бозии “Футбол” - яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли равон бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман 25 май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон гардад.

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро дар бораи 25 май эълон кардани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” якдилона пазируфт.