Тадбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
2024-05-20
Дар доираи амалӣ
намудани нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи сазовори 30 - солагии
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рӯзи байналмилалии
Осорхонаҳо бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом чорабинии
фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз" дар Осорхонаи
таърихӣ- кишваршиносии ба номи Мирраҷаб Додхоҳ бо иштироки ҳунармандон, фаъолони
ҲХДТ, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва қишри гуногуни ҷомеа баргузор
гардид.
Мақсад аз баргузории
чорабинии мазкур рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳавасманд
гардонидани ҳунармандон ва ҷалби ҷавонон ба ҳунару ҳунаромузӣ буд. Сараввал
директори осорхона меҳмонони ҷашнвораро пазироӣ намуда, аз таъриху тамаддуни
бою пурғановати шаҳр, ёдгориҳои бостонӣ, мероси гаронарзиши ниёгон ҳарф зад.
Сипас, маҳорати
ҳунарии ҳунармандон - аъзои фаъоли ҲХДТ муаррифӣ
гардида, аз кору офаридаҳои дастии онҳо маълумоти
муфассал дода шуд. Ҳамчунин раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом
Фирӯза Шерматова зимни баромади хеш ҳадафи
чорабиниро андешидани тадбирҳо дар самти татбиқи
ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, нақши
ҳунармандонро дар ҳифзи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик калидӣ арзёбӣ намуд.
Муовини
раиси шаҳр Гулчеҳра Раҳмонзода ҳамагонро ба муносибати Рӯзи байналмиллалии
осорхонаҳо табрик гуфта, ҳамзамон чунин иқдомро баҳри ҷалби ҷавонон ба
ҳунаромузӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон саривақтӣ шуморид ва дар ин радиф
ба онҳо такмили маҳорати ҳунарварӣ таманно намуд.
Дар
қисмати қадршиносии ҳунармандон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Конибодом ба даҳ нафар ҳунармандони фаъоли шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ
тақдим гардид.