Ҷавонон идомабахши ҳадафҳои олии кишваранд
2024-05-20
Саҳми варзиш, ки дар
меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон нақши муассир мегузорад, дар раванди
фаъолияти ҲХДТ низ яке аз соҳаҳои калидии он ба шумор меравад. Дар ин доира,
барои боз ҳам тақвият бахшидани соҳаи варзиш аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Кӯшониён, барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ мусобиқаи футбол доир гардида
истодааст.
Санаи 17 майи соли
равон тибқи Низомнома, оид ба баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои
дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, бахшида ба 30 - солагии
таъсисёбии ҲХДТ, мусобиқаи футбол байни дастаҳои кормандони ташкилотҳои
ибтидоии ҳизби КДФ “БММҒ” дар майдончаи варзишии ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ
баргузор гардида, дар мусобиқа намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Кӯшониён, устодон ва варзишгарон ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории
чунин мусобиқа ин ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба
машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи васеи бозии футбол дар байни аҳолии
кишвар, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои Барномаи рушди
футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва Барномаи махсуси
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
“Дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024”,
барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таъмини фароғати
маъдании шаҳрвандон, муайян намудани дастаҳои футболи ғайрикасбӣ Ҷумҳурии
Тоҷикистон мебошад.