ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ТАБЛИҒГАРИ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ
2024-05-20
Фазои
маънавиёти ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар шароити “ҳамфаъолӣ” ташаккул ёфта,
зери таъсири экспансия (истило, тавсеаталабии) арзишҳои дигар фарҳангҳо қарор
дорад. Аз ин лиҳоз, соҳаи маънавияти ҷомеаи мо дар шароити ҷаҳонишавӣ хислати
диссипативӣ (сода)-ро пайдо карда, он таъсири мусбӣ ва ҳам манфиро эҳсос
менамояд.
Ҳар
як фарди солим бояд дар шароити ҷаҳонишавӣ арзишҳои иҷтимоиву фарҳангиро дарк
намояд, зеро мақсади ниҳоии муборизаҳои мафкуравӣ ин ноил гардидан ба ҳувияти
миллӣ мебошад.
Эҳтимолияти
рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда, Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гуфтаанд: “сабақи талхи таърихи кишварамон ҳар як
шахсро ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз
даст надиҳанд, ватандӯсту ватанпарвар бошанд, аз гузаштаи пурғановати ниёгон
ифтихор кунанд ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми
аҷдодиашонро эҳтиёт ва ҳифз намоянд”.
Ҷанбаи
муҳимми ташаккули ҳувияти миллӣ алоқамандии он ба ҷараёни ташаккули шуури
таърихӣ мебошад.
Маълум аст, ки ҳувияти
таърихӣ кулли хосиятҳои ин ё он миллатро дар худ инъикос менамояд. Аз ин рӯ,
таҳлили амиқи ғояи миллӣ муроҷиат намудан ба гузашта ва муайян кардани
тамоюлҳои муосири рушди ҷомеаро тақозо менамояд, чунки таҳлили фалсафавии ғояи миллӣ муроҷиати
тадқиқотиро ба равандҳои рушди маънавиёт,
кӯшишҳо, орзую ормонҳои ҷомеа, ки тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанд, талаб
менамояд.
Чунин зарурият дар он аст, ки собиқаи ниёгони
мо оид ба инкишоф додану ғанӣ гардонидан
ва муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории
он дар хотираи таърих имкон дод, ки дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI
тоҷикон баҳри бунёди давлати соҳибистиқлол ва демокративу дунявии
худ ҳусни оғоз бахшиданд.
Президенти
кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “То замони интишори ислом
гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину ойини бостонӣ ва
соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрӯз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи
чандинҳазорсолаи миллати худ аз рӯйи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем
ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем”.
Муҳимтарин
омил дар инкишофи ҳувияти миллӣ ин китобхонӣ аст. Беҳтарин дастоварди инсоният кашфи
китоб аст ва онро “хазинаи хиради умумибашарӣ” ном мебаранд. Барои халқи
тамаддунофари тоҷик он аз муқаддасоти миллат ба ҳисоб меравад.
Олим
ва арбоби давлатӣ Саймумин Ятимов бар ин бовар аст, ки “ҷавҳари маънии
ҳидоятҳои Пешвои миллат дар масъалаи омӯхтани илм донистани ҳақиқати зиндагӣ,
фаҳмидани омилҳои аслии пайдоиш ва рушди зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур
ба хулосаи барвазн ба воқеият расидан, осон кардани рушди ҳаёти ҷомеа мебошад.
Ба тарзи дигар, фақат дониш аст, ки метавонад ҳамзамон, бо дарки ҳақиқат роҳкушои
мушкилот ва воситаи барканор кардани сабабҳое бошад, ки дар ҳаёти ҷомеа монеа
ба вуҷуд меоранд”.
Асоси
таҳаввулоти ақлии инсон ва ҷомеаро мутолиаи китоб ва истифодаи мантиқии бузурги
он ташкил медиҳад. Зеро, китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун,
омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок
кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад,
доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти
зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад.
Дар
расму ойинҳои миллии мо баъд аз таваллуди кӯдак дар зери болини ӯ китоб
мегузоранд. Инчунин, дар пештоқи хонаҳо гузоштани китоб расми деринаи мардуми
сарбаланди мо гардидааст.
Рӯ
овардан ба китоб, яъне соҳиб шудан ба калиди орзуҳо расидан ба мақсадҳои
баланди инсонӣ маҳсуб меёбад. Зеро, соҳибхирад ва муваффақ гардидан дар зиндагӣ
маҳз бо азми дурусту саъйи комил дар натиҷаи мутолиаи китоб ба даст меояд.
Пешвои
миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Китоб ҳамқадами доимии
миллати куҳанбунёду фарҳангии мо дар тамоми давру замонҳо, беҳтарин дӯст ва
манбаи азбар кардани илму дониш буда, мардуми моро ба олами рангоранги
маънавиёт ҳидоят кардааст. Ҳар яки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ақлу
заковат ва хиради созанда бе мутолиаи китоб ва омӯхтани илму дониш ба даст намеояд”.
Аксарияти
волидон аз забономӯзӣ ва хониши китобҳои гуногун истифода намебаранд, ба
таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти зарурӣ намедиҳанд. Бештари волидон ба қонеъ
намудани хоҳиши фарзандон дода шуда, ба харидорӣ ва мутолиа кардани китоб
қариб, ки таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
Аз
ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ рӯзи
26-уми декабри соли 2015 роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми давлатӣ, инчунин, ба
раванди таълиму тарбия, китобхон гаштани толибилмон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот
эътибори ҷиддӣ дода, таъкид кардаанд ки: “Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ
гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи
китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ
саъю талош намояд”.
Тибқи
таҳлилҳо, вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда
дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорон мебошад.
Доир
ба масъалаи мазкур Роҳбари давлат дар “Рӯзи дониш” Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намуданд, ки
муносибати хонандагонро ба мутолиаи китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср
ҷиддӣ назорат карда, барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ
ва сухандону сухангӯ гардидани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судманд
андешанд.
Дар
ҳақиқат, вазифаҳои асосӣ ва масъулиятноки мураббиёни муассисаҳои тарбияи
томактабӣ, мактабӣ ва мактабҳои олӣ дар замири тарбиятгирандагон ба вуҷуд
овардан ва ташаккул додани завқи китобхонӣ мебошад.
Дар
айни замон байни аҳли ҷомеа бо такя ба раванди вусъатёбии истифодабарии
технологияи муосири иттилоотӣ, махсусан, сомонаҳои интернетӣ ақидае торафт
бештар паҳн мегардад, ки сатҳи рӯйоварии аҳли ҷомеа, махсусан, наврасон ба
китобу китобхонӣ баъд аз чанд муддат тамоман коҳиш меёбад ва шояд дигар ниёзе
ба нашри китобҳои дарсиву адабиёти бадеӣ ва ғайра намонад.
Ба
андешаи мо, ин ақида мухолифи воқеият мебошад. Ягон воситаи иттилоотии
замонавии таълимӣ ва маърифатии имрӯза наметавонад мисли муошират ва хониш ба
ташаккули камолоти маънавии кӯдак таъсир расонад ва ё онҳоро иваз намояд.
Тарбияи
фарзанд муҳимтарин рисолати волидайн буда, аз нахустин рӯзҳои ба дунё омадани
он оғоз меёбад. Ташаккули шахсияти кӯдак дар муҳити хонавода ва хешовандони
наздик шуруъ мешавад.
Имрӯз
шароити муҳити тарбия куллан тағйир ёфтааст. Бархе аз падару модарон усулу равишҳои
тарбияро, ки пештар дар хонаводаҳо маъмул буд, пайгирӣ мекунанд.
Дар
тарбия, албатта, расму анъана муҳим аст, вале иктифо ба онҳо кофӣ нест. Падару
модар бояд аз баъзе усулу тадбирҳои педагогӣ воқиф бошанд, муҳимтарин назрияҳои
илми педагогика, психология ва физиологияро донанд.
Айни
замон дар назди ҷомеа вазифаи дар ниҳоди ҷавонон бедор кардани шавқу ҳаваси
китобхонӣ ва аз ҷавҳари ақлонӣ, илмӣ ва маънавии китобҳои арзишманд баҳраманд
гардондани онҳо қарор дорад.
Мутолиаи
китоб ва муносибати ҷиддӣ бо он асрори ривоҷи истеъдодҳо ва ташаккули ахлоқу
маънавиёти волои инсоният мебошад.
Ҳадафи
асосии китобхонаҳои мактабӣ айни замон густариш бахшидани сатҳи маърифатнокии
хонандагон мебошад.
Муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумӣ дар роҳи азбар намудани ҳадди ақали донишҳои барномавӣ,
мутобиқсозии онҳо ба ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити дахлдор дар интихоби
бошууронаи касб, тарбияи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба муҳити атроф, ҳисси ватандӯстӣ
ва ташаккули тарзи ҳаёти солим тавъам мебошад.
Дар
шароити мунтазам афзудани маводи иттилотӣ зарурате пеш омадааст, ки хонандагон
бояд маҳорати истифодаи онро дошта бошанд. Ин бошад, пайваста такмил додани
маҳорат ва малакаҳои истифодаи иттилоотро талаб мекунад.
Мунзифа
Пӯлотова,
раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар
шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои таърих