Мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ифтитоҳ гадид

2024-05-14

Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷокистон ифтитоҳ гардид.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд миёни дастаҳои ғайрикасбӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаи мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро  васеъ ба роҳ мемонад.

Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи варзишӣ дар ҳошияи Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст, доир мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”-ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Иттилоъ бояд дод, ки дар мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” миёни дастаҳои ғайрикасбӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, дастаҳо байни худ рақобат намуда истодаанд.