Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим сарчашма мегирад
2024-05-14
Дар
асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
ноҳияи Ашт чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” ва
30–солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳти унвони “Ҷомеаи
солим аз оилаи солим ва насли солим сарчашма мегирад ” баргузор гардид.
Дар
чорабинӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, номзади илмҳои
филологӣ, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров Бобоева Зеварой, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди
МИҲД-и ноҳияи Ашт Каримӣ Обода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода,
роҳбарзанони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон, занони фаъоли ҳизбӣ ва оилаҳои
намунавӣ аз ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат доштанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар
ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, тамоми
иштирокдоронро ба Рӯзи байналмилалии Оила ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику
таҳният намуд.
Сипас, муовини раиси
КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева Зеварой ва мудири бахши кор бо занон ва
оилаи назди МИҲД-и ноҳияи Ашт Каримӣ Обода дар баромади хеш зикр доштанд, ки
оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф
гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат,
самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул
меёбанд. Оилае, ки дар он якдигарфаҳмӣ, иззату ҳурмати тарафайн, дастгирии
ҳамдигар, ғамхорӣ нисбати якдигар ҷой дорад, он оила пойдор ва солим ба ҳисоб
меравад. Оилаҳои солим фарзандони солимақлу солеҳа тарбия менамоянд.
Баъдан, дар вазъияти
тантанавӣ оилаҳои намунавии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои саҳми арзанда
гузоштан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила, танзими
нигоҳдории анъанаҳои оилавӣ, ҳифзи арзишҳои оиладорӣ ва солимии оила бахшида ба
“Рӯзи байналмилалии
оила” ва
30 –солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сипоснома ва
туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қардшиносӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки
рафти чорабинӣ оилаҳои намунавӣ оид ба ҳифзи арзишҳои оиладорӣ, баланд
бардоштани нақши оила дар ҷомеа, ободию муваффақиятҳои оила фикру андешаҳои
хешро мавриди зикр қарор дода, оилаҳои ҷавонро баҳри мустаҳкам нигоҳ доштани
оилаи худ, солимии оила, ҳурмату эҳтироми
волидон, тарбия ва ба камол расонидани фарзандон дар руҳияи
хештаншиносӣ даъват намуданд.
Барномаи фарҳангии
ҳофизони бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия ва театри мусиқӣ-драмавии ба номи
М.Воҳидов бо беҳтарин суруд ва рақсҳо, саҳнаҳои ҷолиб вобаста ба одоби оиладорӣ
аз ҷониби иштирокдорони чорабинӣ хуб пазируфта шуд.