Қонун - меҳвари фаъолияти зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи шаҳрвандон

2024-05-13

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин, ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки қобили дастгирии аҳли ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат гардид. 

Маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва қобилияти инсон, муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда баён менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон қисми таркибии маданияти маънавӣ ба ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин, соҳиби малака ва тавоноӣ будан амалӣ мегардад.

Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир мегардад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дорад.

Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ аст, ки ин сабаб мегардад маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи мамлакатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.

Дар ҳақиқат, қабул гардидани Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуда, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.

Қабули қонунҳо баҳри зиндагии шоиста як тарафи амали воқеӣ аст, ки Ҳукумат дар симои парлумон иҷро намудааст.

Тарафи дигар иҷрои босифат ва риояи пурраи талаботи қонунҳои қабулгардида мебошад. Дар ҳамин маврид мафҳуми маърифати ҳуқуқӣзоҳир ва вориди майдон мешавад. Барои дарки маънӣ метавон аз мафҳуми маърифати оиладорӣ истифода бурд. Эҳтироми волидайн, тарбияи дурусти фарзанд, риояи тартибу низом, дур будан аз кирдори бад, сухани зишту рафтори қабеҳ дар маърифати оиладории миллати тоҷик аз азал бо роҳи ирсӣ омада, муайян ва қабул шудааст. Дар ин зимн қобили ифтихор низ ҳаст, ки маърифати оиладории тоҷикон дар ҳеҷ миллату халқияти дигар дида намешавад. Ин падида бештар дар осори ниёгони мо баён гардида, наврасону ҷавононро дар руҳияи эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва суннатӣ ҳидоят мекунад.

Мусаллам аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори саҳлу осон набуда, шахси аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифатро наметавон дар як рўз ё як солу панҷ сол тайёр намуд. Ин раванд дар робита бо оила, мактабу маориф ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа метавонад самари нек ба бор орад.

Бояд тазаккур дод, ки меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият ташкил дода, он дар ҷумҳурӣ ба коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ (терроризм, экстремизм, ришваситонӣ ва дигар падидаҳои хатарзо), ҳифзи фазои иттилоотии мамлакат аз хатарҳои иттилоотии ҷаҳони муосир равона карда мешавад.

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми (нестангорӣ) ҳуқуқӣ, инчунин, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.

Мавриди тазаккур аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошт. Чунончӣ, 5-уми ноябри соли 2009 зимни суханронӣ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат гуфта буданд: Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо менамояд.

Дар робита таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон номумкин аст.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми ноябри соли 2019 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030қабул гардидааст.

Мувофиқи банди 5-и барномаи ба ин, бояд гуфт, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе

мазкур сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло иброз карданием, ки бе баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта ғайриимкон аст. Дар ин маврид шаҳрвандон ҷиҳати ҳалли мушкилоти худ, ки ба донистани меъёрҳои қонунгузорӣ рабт доранд, агар моҳирона ва оқилона аз иттилооти муҳимми ҳуқуқӣ баҳраҷўйӣ намоянд, қазияи мавҷуда бартараф гардида, ба онҳо оқибати ҳуқуқии манфӣ намеорад.

Нуктаи муҳимтарини дигар, ки аз тавъам донистани Соли маърифати ҳуқуқӣбо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ин вазъи душвору ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт авҷ гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, ҷанги сард, таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣмебошад. Ба ифодаи дигар, таъмини амнияти мамлакат, суботи ҷомеа, бехатарии шахс ҳар яки моро вазифадор месозад, ки аз пештара бештар - ҳатто аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он - мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ, бохабар аз бозиҳои геополитикии абарқудратони ҷаҳону минтақа, сарҷамъ дар забону амал ва муваффақ дар расидан ба ормонҳои миллӣ бошем.

Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣэълон шудани соли 2024 бояд марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста шавад. Яъне, баъд аз тай намудани марҳалаҳои мушкилу печдарпечи солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат бо сахтиродагӣ раҳо ёфтан аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, муваффақона бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, босуръат гузаштан ба марҳилаи ободкорӣ ва созандагӣ, мақоми устувор гирифтан дар доираҳои бонуфузи байналмилалӣ ва харитаи сиёсии ҷаҳонӣ, қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон акнун фурсати он расидааст, ки қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад.

Баҳоваддин Мансурзода,

сардори бахши ҳуқуқи Хадамоти

алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон