Ном ва корномаи шумо ҷовидонист
2024-05-08
9 майи соли ҷорӣ аз
анҷоми он хунхортарин ва мудҳиштарин ҳодисаи ҳамаи давру замонҳо, ки дар таърих
бо номи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сабт шудааст, 79 сол сипарӣ шуд, аммо даҳшати он ҷанги инсонкуш
ва хонумонсӯз, ки дар солҳои 1941-1945 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Германияи
фашистӣ рӯй дод, диловарию мардонагии бемисли афсарон ва сарбозони Артиши Сурхи
мо дар набардҳои хунини ҷанг ва меҳнати ҷоннисорона ва шаборӯзии мардум дар
ақибгоҳ аз хотираҳо нарафта ва нахоҳад рафт.
Ҳақ ба ҷониби шоири
бузург, устод Абулқосими Лоҳутӣ аст, ки гуфта:
Он ҷангро дар таърих
ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона
буд.
Дар Ҷанги Бузурги
Ватанӣ, ки он 1418 рӯз давом кард, бештар аз 110 миллион хурду бузурги Иттиҳоди
Шӯравӣ иштирок ва ҷонбозиҳо намуд, ки бештар аз 40 миллион одамон ҷони ширини
худро барои ғалаба
ва дар роҳи нест кардани фашизм аз даст доданд. Дар ин ҷанг зиёда аз 70 давлати
ҷаҳон иштирок намуда, амалиётҳои
ҷангӣ қаламрави 40 кишвари дунёро фаро гирифта буд.
Аз 300 ҳазор
фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдонҳои ҷанги хонумонсӯзи гитлерӣ нисфи
онҳо дар озод кардани шаҳру деҳаҳои Россия, Украина, Белоруссия, кишварҳои
соҳили Балтик ва давлатҳои Аврупо ҷон бохтанд.
Ҳазорон модарони
дилфигор, духтарони гулнигор, хоҳарони ширину гуларӯсони нозанин дар интизори
аз майдонҳои ҷанг бозгаштани писарон, падарон, бародарон ва ҳамсарони диловари
худ солҳо роҳ пойиданду азизони дилбандашон аз фронт барнагашт ва ин
чашминтизорон орзуи ширини дидани дидори азизони дилбанду қаҳрамонашонро бо худ
ба он дунё бурданд.
Нолаи модарони дар он
ҷанг ҷигарбандони нозанини худро аз дастдода, ончунон ҷонсӯзу дарднок буд, ки
бо гузашти 79 сол аз тамом шудани ҷанг то ҳанӯз навҳаи ғамолудаи «Бачамой» - и
он модарон дар гӯшҳо боқист ва то имрӯз қалбҳоро месӯзад.
30 апрели соли 1945 парчами Ғалаба дар болои қасри
Рейхстаг, дар лонаи фашизм партавафшон гардид. Барои мо тоҷикон боиси ифтихор
ва сарбаландист, ки дар қатори 10 нафар аввалин сарбозони нотарси рӯи Рейхстаг
парчамҳо бар даст баромада, тоҷикписари шуҷоъ, капитан Ғозӣ Ниёз низ буд.
Рӯзи 30 апрели соли
1945 парчами бардоштаи ин диловари тоҷик дар қисмати шарқии қасри Гитлер
болафшонӣ мекард. Ин тоҷикписари далер ду маротиба ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони
Иттиҳоди Шӯравӣ пешбарӣ гардидааст. Аз ин рӯ, бо ифтихор бояд қайд кард, ки
тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо иштирокчӣ ва диловари майдон, балкӣ
аз парчамбардорони ин Ғалабаи Бузург низ ҳастанд.
8 майи соли 1945
Германияи гитлерӣ бо талаби қотеъонаи Давлати Шӯравӣ ба Санади таслимшавӣ (Акт
капитуляции) шармандавор имзо гузошт. Аз ҷониби давлати ҷангро шармандавор
бохта - Германия ин санадро фелдмаршал Кейтел ва аз ҷониби Давлати ғолиб -
Иттиҳоди Шӯравӣ онро маршал Георгий Константинович Жуков имзо гузоштанд. Аз
ҳамин ҷост, ки Жуковро «Маршали Ғалаба» ном ниҳодаанд.
Ва аз ҳамон рӯз то
кунун ҳар сол 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил
мегардад.
Ҷасорату шуҷоат ва
диловариву ҷонбозиҳои ҳазорон фиристодагони Тоҷикистон дар майдонҳои ҷанг аз
тарафи роҳбарияти олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ордену медалҳо ва сипосномаҳо
қадрдонӣ гардидааст. Ба 54 нафар родмардони аз Тоҷикистон ба фронт рафта,
унвони баланди Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст, ки аз ин шумора 14
нафарашон тоҷикписарон ҳастанд. Бо гузашти 79 сол аз корномаи тоҷикписарон то
имрӯз номҳои Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Домуллоҷон Азизов, Исмат Шарифов,
Ҳодӣ Кенҷаев ва дигаронро насли хурду бузурги мо дар ҳар шаҳру деҳаи кишвари
азизамон медонанд ва аз ному корномаи онҳо бо некӣ ёд мекунанд.
Ном ва корномаи
бемисли диловарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаи таърихи инсоният барои
ҳамеша сабт аст.
Дар шумори ҳазорон
ҳамватанони шуҷои мо, ки паҳлӯ ба паҳлӯ бо фарзандони миллату халқиятҳои
гуногуни дунё бар зидди фашизми гитлерӣ ҷангидаанд, ҳазорҳо нафар зодагону
сокинони ноҳияи Рӯдакӣ низ ҳастанд. Ҳамватанони мо дар солҳои Ҷанги Бузурги
Ватанӣ даъвати Ватан - Модарро қабул карданд ва бархе дигар ихтиёрӣ бо амри
дилу виҷдон ба дифои номус ва шарафи сарзамини муқаддаси худ бархостанд.
Мувофиқи далелҳои дар
даст буда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 8 ҳазор нафар ҷавонмардони шуҷои ноҳияи
Рӯдакӣ иштирок кардаанд, ки аз ин шумора 3919 нафарашон дар майдонҳои ҷанг, дар
роҳи озодиву хушбахтии инсонҳо ба шаҳодат расидаанд. Дар тахтасангҳои мармарини
атрофи Муҷассамаи Поси хотир дар Боғи Ғалабаи ноҳия номи неку азизи 1400 нафар
далерони майдони ҷанг - фарзандони диловари ноҳияи Рӯдакӣ сабт шудааст, ки 342
нафари онҳо дар корзорони хунини набардҳо бар алайҳи душмани қаттоли башарият
қаҳрамонона ҷон бохта ва бархе ҳам дар ҷанг бенишон гум шудаву номашон дар
ёдҳову дар дилҳо ва дар сафҳаи таърих то ҷовидон боқӣ мондааст.
Мардуми меҳнатдӯсти
ноҳияи Рӯдакӣ ҷавонписарони фарзона ва далери худро ба майдонҳои ҷанг равон
карда, худашон низ дар ақибгоҳи душман, дар майдони меҳнат диловарона барои
расидан ба ғалаба саҳм мегузоштанд. Аз ин рӯ, бо ифтихор бояд қайд намоем, ки
саҳми фарзандони ноҳияи Рӯдакӣ дар расидан ба Рӯзи Ғалаба ҷойи таҳсину қадрдонӣ
дорад. Мардуми ноҳияи мо низ он солҳои даҳшатбор мисли тамоми сокинони
мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ дар ду майдон - ҷанг ва меҳнат қаҳрамонона
мубориза бурдаанд.
Баъди ғалаба, ба поси
хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар майдонҳои ҷанг алайҳи
фашистони Германияи гитлерӣ диловарӣ ва қаҳрамонии дар таърих гӯшношунида ва
чашмнодида аз худ нишон додаанд, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои собиқ Иттиҳоди
Шӯравӣ ва давлатҳои аз юғи фашизм озодшудаи Аврупо муҷассамаҳои ёдгорӣ гузошта
шуданд.
Навиштаҷотҳои барои
ҳама имрӯз азизу ошнои «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад!» «Ном ва корномаи
шумо ҷовидонист!» дар тамоми лавҳаҳо, муҷассамаҳо ва пайкараҳои ба ёди шаҳидони
Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саросари дунё сохташуда, ҳамчун рамзи ягона ва шиори
умумӣ қабул шудаанд.
Ин муҷассамаҳо ҳамчун
рамзи садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, ҷоннисорӣ барои Ватан, ҳифзи давлату
дастовардҳои Истиқлол, ҳамчун рамзи диловарию мардонагӣ, пос доштани хотираи
фарзандони қаҳрамон ва сарсупурдаи миллат барои наслҳои имрӯзу ояндаи
кишварамон, махсусан барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
метавонад чун як дарси ибрат хизмат намояд. Вазифаи ҳар яки мо аст, ки аз
корномаҳои падарону бобоёни ватандӯст, ҷоннисору диловари худ ба наслҳои имрӯз
сабақи мардонагӣ биомӯзем, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, омода будан ба
ҳимояи марзу буми ин сарзамини азизу муқаддас тарбия намоем. Вазифаи ҳар яки мо
аст, ки аз сулҳу ваҳдати саросарӣ, аз ободкориву созандагиҳои рӯзафзун, аз
пешрафтҳои беназири кишвари азизамон, аз сиёсатҳои мардумпарваронаи Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, шукронаи ин Ватани сарсабзу обод ва
шукронаи Пешвои хирадманду сулҳовару ваҳдатофарро кунем.
Дар арафаи ин рӯзи
саид тамоми мардуми кишвари азизамон, махсусан сокинони сарбаланду меҳнатқарини
ноҳияи Рӯдакӣ ва хоссатан, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - қаҳрамонони
воқеии ҷанг бар алайҳи фашизмро самимона ва аз сидқи дил табрику таҳният
менамоям.
Барои ҳамагон тани
сиҳат, хонаи обод, сулҳу сафо, бахту иқбол ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно
дорам.
Хонаободу сарбаланд ва
комёб бошед!
Иди Ғалаба муборак
бошад!
Тоҳир Одилов - аъзои
гурӯҳи вакилони
ҳизбӣ дар ҳайати
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ