Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст ва нахоҳад шуд

2024-05-07

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, собиқадорону насли калонсол ва маъюбону табақаи ниёзманди ҷомеа зери ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

7-уми майи соли равон ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Бурҳонзода Муслиҳиддин, мудири шуъбаи ҷавонони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳомидзода Насим, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Равшан Бахтӣ, раиси ташкилоти ибтидоии “Ювентус-Душанбе” иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Нағзибеков Бозор Шодмоновичро аёдат намуда, доир ба хотироти он даврон суҳбат оростанд.

Нағзибеков Бозор Шодмонович дар деҳаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон санаи 16 ноябри соли 1926 таввалуд шуда, аз синни хурдсолӣ аз меҳру муҳаббати падару модар маҳрум мегардад. Дар мактаб - интернати деҳа таҳсил намуда, пас аз хатми синфи 7, ӯро да қатори як гурӯҳ дастпарварони мактаб-интернат ба пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) мефиристанд. Бозор ҳам дар қатори онҳо ба Омӯзишгоҳи рақами 1 дохил мегардад. Пас аз 6 моҳи таҳсил Бозор ба Комбинати бофандагӣ ба кор фиристода шуда, баъдтар аз моҳи феврали соли 1942 то моҳи июни соли 1943 дар сохтмони шабакаи гармидиҳӣ ширкат меварзад.

Бозор Нағзибеков ҳамчун ҷавони фаъолу донишманд аз мадди назари ин ташкилоти бонуфузи ҷавонон берун намемонд. Натиҷаи ҳамин буд, ки уро ба ноҳияи Тавилдара ба кори муаллимӣ фиристонанд. Дар қатори омӯзгорӣ, ки он замон касби хеле пуршарафу вазнин дониста мешуд, ҳамзамон кори муҳосиботро иҷро мекард.

Маҳорату ташкилотчигиаш роҳбариятро ба ҳайрат меовард. Натиҷа ҳамин шуд, ки пас аз як соли фаъолият, яъне соли 1943 ӯро ба кори масъулиятноки комсомолӣ пешбарӣ мекунанд. Масъулияти комсомолӣ барои фарох шудани ҷаҳонбинӣ ва аз ҷиҳати сиёсиву маънавӣ обутоб ёфтани Нағзибеков Бозор мусоидат мекунад.

Моҳи декабри соли 1944 Бозор бо як гурӯх даъватшудагон ба хизмати ҳарбӣ ба Сталинобод сафарбар гардидаанд. Аз соли аввали хизмат ба вилояти Оренбурги Федератсияи Россия фиристода мешавад ва се моҳ аз тайёрии ҳарбӣ мегузарад. Ӯ ҳамчун аскари қаторӣ хизмати худро ба камоли масъулият ва аз дилу ҷон иҷро карда, соли 1947 сарбаландона ба Тоҷикистон бармегардад.

Комитети Марказии ЛКСМ Тоҷикистон масъулиятнокиву мутахассиси хуб будани Нағзибеков Бозорро ба назар гирифта, ҳамчун мутахассиси пухтакор ӯро аз нав ба кори комсомолӣ ҷалб мекунанд. Бозор ин дафъа ба ихтиёри ташкилоти комсомолии вилояти Ғарм фиристода мешавад. Дар ин ҷо Бозор Шодмонович то моҳи августи соли 1949 бо муваффақият фаъолият дошт. Кор дар шароити он давра осон набуд. Аммо ӯ, ки солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро бевосита дида, пастиву баландиҳои зиёдро аз сар гузаронида буд, ба ҳар мушкилӣ тан намедод. Соли 1948 Нағзибеков дар Тавилдара кор мекард. Дар вазифаи котиби якуми комсомоли ноҳияи Калъаи Лаби Об то моҳи августи соли 1949 бомуваффақият кор кард. Бозор Шодмоновичро ба вазифаи котиби ташкилоти ҳизбии МТС-и № 2 интихоб мекунанд. Дар ин ҷо ҳам тӯли 5-соли фаъолият маҳорату ташкилотчигӣ ва кордонии худро дар иҷрои вазифаҳо зоҳир мекунад. Ҳамин тавр то замони ба нафақа фиристода шуданаш дар ҳар вазифае, ки масъул буд, муваффақона фаъолият менамуд. Ҳоло дар иҳотаи фарзандону наберагон ва аберагонаш даври пирӣ меронад.