Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур

2024-05-07

7 майи соли 2024, дар толори ҶСК “Тоҷиктрансгаз” маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Муродов Ҷурабек, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, кормандони ҳизбии ноҳия, фаъолон аз кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Кори маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар оғоз намуда, нахуст ҳайати иштирокдоронро бо масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд.

1. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда.

2. Рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ.

3. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат рӯзи 9 марти соли 2024 баён доштанд.

4. Масъалаҳои ташкилӣ.

Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъд ба таври муфассал ироа гардид.

Зимни ироаи гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, қонунҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, сафарбар намудани мардум ба корҳои созандагию ободкорӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис ёфтааст, ки дар ин замина миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур 182 мулоқоту вохӯрӣ, 21 соати сиёсӣ ва 1 мизи мудаввар бо фарогири 25 449 нафар доир карда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии пойтахт ҳар ҳафта аз ҷониби ҳизбиёни ноҳия шанбегиву ҳашарҳо ташкил мегардад, ки дар рафти онҳо, дар давоми семоҳаи аввали соли 2024 беш аз 4460 адад ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва 11 170 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.

Дар ин радиф, айни ҳол дар ноҳияи Шоҳмансур 9 адад Кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 251 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд.

Дар идома, ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия - Содиқиён Умед ироа гардид.

Дар ин радиф, масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис аз ҷониби раисикунандаи ҷаласа ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доири ҳар яки онҳо қарорҳои дахлдор қабул ва тасдиқ гардид.

Дар қисмати музокираҳо, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидзода Иззатулло, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон – Достизода Миралӣ ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Дизайн” - Ҳаитзода Фирӯз баромад намуда, оид ба миён омадани хатару зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир, аз қабили терроризму экстремизм, пошхӯрии оилаҳо, зиёд гардидани қонунвайронкуниҳо миёни ҷавонону наврасон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум дар заминаи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар ҷумҳурӣ, инчунин дарёфи роҳҳои ҳалли масъалаҳои болозикр, ибрози назар намуданд.

Дар идома, муовини расии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Муродов Ҷурабек баромад намуда, зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ дар роҳи устуворсозии ваҳдату ягонагӣ ва таъмини ояндаи неки кишвар равона гардидааст.    

Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тақвияти корҳои таблиғотӣ, фаъолияти дохилиҳизбӣ, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, риоя намудани одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҳизбӣ ба масъулини кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо доданд.