“ШОҲНОМА ВАТАН АСТ!” ДАВРИ АВВАЛИ МАҲФИЛ – ОЗМУН ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10-И ШАҲРИ ҲИСОР ОҒОЗ ГАРДИД

2024-05-07

Бо иштироки роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор – Шарипов Эраҷ маҳфил - озмуни “Шоҳномахонӣ” таҳти унвони “Шоҳнома Ватан аст!” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Ҳисор оғоз гардид.

Мақсади гузаронидани маҳфил-озмун ин дар амал татбиқ намудани иқдоми Ҳукумати мамлакат оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ, Шоҳнома қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд Шоҳнома то ин замон низ дар миёни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат қалб аз ҳама ҳисси ватандӯстии мардумро зиёда мегардонад. Маҳфили шоҳномахонӣ дар Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умуми №10 - шаҳри Ҳисор ин гуфтаҳоро бори дигар тасдиқ мекунад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин муассисаи таълимӣ маҳфили шоҳномахонӣ ҳарчанд оғози кор аст, вале аллакай натиҷа медиҳад, зеро барои иштирок дар маҳфили шоҳномахони хонандагони зиёд талош мекунанд. Омӯзгорони муассиса мегӯянд бо таваҷҷуҳ ба шавқу завқ ва ҳавсалаи зиёди хонандагон шоҳномахониро ба маҳфили доимӣ табдил доданиянд, то ҳамагон тавонанд дар он иштирок намоянд ва ин маҳфил ҳам як роҳи муассири таълим ва тарбияи наслҳои наврасу ҷавон дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан мебошад.

Намояндаи кумитаи иҷроияи ҳизбӣ зикр намуд, ки ҳадафи маҳфил-озмун амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҷоҳуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон маҳсуб мегардад.