ХАЛҚ ХЕҶ ГОҲ ҚАҲРАМОНОНАШРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД

2024-05-07

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг фиристода шуда буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Бисёри онҳо барои шуҷоат, диловарию ҷасурӣ дар назди Ватан бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудаанд. Аз онҳо зиёда аз 53 нафар ба гирифтани унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ», 15 нафар бо ордени «Шараф» ва 50 000 нафари дигар бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шудаанд.

Дар он замон аз шаҳру ноҳияҳои собиқ Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтару ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён) 6375 нафар мардони шуҷоъ ба майдони набард сафарбар шуданд. Аз ин миқдор фарзонафарзандон 662 кас қаҳрамонона дар майдон шаҳид гашта, 536 нафари дигар беному нишон шуда қисми дигар баъди ҷанг ба канори зану фарзанд ва модару Ватан баргаштанд.

Қаҳрамониҳои Ҳ. Кенҷаев, Д. Азизов, И. Ҳамзаалиев, М.Мирзоалиев, С.Амиршоев, О.Муҳаммадҷонова, Ҳ. Қосимов, С. Ниёзова ва даҳҳо дигарон дар саҳифаҳои сабзи таърихи Ватан абадӣ бо ҳарфҳои зарин сабт гаштааст, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мост. Оре: Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад, номи худро сархати девони миллат мекунад.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки Истиқлоли давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ҳоло дар шаҳри Бохтар ҳамагӣ 2 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд. Ба онҳо ва оилаи онҳо дар арафа ва таҷлили ҷашнҳои гуногун аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Бохтар ва ашхоси саховатпеша ва давлат кумак ва ёрдампулиҳо расонида мешавад.

Бояд ҳаминро қайд кард, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври доимӣ таҳти дастгрӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Бо нияту орзӯ ва таманниёти нек Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро ба ҳамаи ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба онҳо тани сиҳат, иқболи баланд, умри дароз, комёбиву сарфарозӣ, хонаободиву хушбахтӣ ва муваффақиятҳо таманно менамоем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар