Ҳизбҳои сиёсӣ ва нақши онҳо дар фаъолгардонии мавқеи занон

2024-05-06

Дарси навбатии "Мактаби сарварони ҷавон" - и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Аминзода Манижабону, мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуи "Ҳизбҳои сиёсӣ ва нақши онҳо дар фаъолгардонии мавқеи занон доиргардид.

Мавсуф зимни суҳбат иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ - сиёсӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми назаррас ва ногусастанӣ гузошта истодааст.

Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олӣ ва стратегии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз сиёсати хирадмандонаи ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳизб, аъзо ва ҷонибдорони он тамоми қудрату неруи худро сарф менамоянд.

Дар Барномаи мазкур сиёсати гендерӣ ва оила ҷойгоҳи хосса дошта, дар бахши сеюми он (Бахши сиёсати иҷтимоӣ) банди 3.4. сиёсати гендерӣ ва оила мушаххасан оварда шудааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин самт барои расидан ба баробарҳуқуқии занон ва мардон (де-юре ва де-факто) чора меандешад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли ин мушкилот кӯшиш менамояд.

Афзуд, ки зимни таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз барои баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа диққати хоса дода мешавад.