Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст
2024-05-06
Бо
ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом
бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади
мустаҳкам намудани дӯстӣ байни миллатҳо чорабинии тарбиявӣ - фарҳангӣ таҳти
унвони "Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст" баргузор гардид. Маҳфили дӯстӣ дар деҳаи қирғизтабори
Санҷидзори ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар
муассисаи таълимӣ доир гардид.
Дар
чорабинии мазкур раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза
Шерматова, собиқадори ҲХДТ аз шаҳри Конибодом Эркинҷон Ғафуров, муовини раиси
ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ Мансур Тӯйчиев, вакилони фаъол ва роҳбарони муассисаҳои
таълимии ҳудуди ҷамоати деҳот иштирок намуданд.
Фирӯза
Шерматова зимни баромади хеш аз сиёсати дурбинона ва халқпарваронаи Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, ин иқдомро саривақтӣ ва пайванди дӯстии насли
навраси ду миллат арзёбӣ намуд.
Хонандагони
муассисаи таълимии деҳаи Ҷаҳонзеб низ бо барномаҳои ҷолиби ватандӯстӣ иборат аз
шеъру тарона дар васфи дӯстӣ, сулҳ, Тоҷикистон баромад намуданд.
Дар
охир ба 40 нафар хонандаи ин муассиса тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Конибодом ва вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии
Санҷидзор Хушбахтов Абдуҷаббор супорида шуд.
Чорабинӣ
бо барномаи рангини бахши фарҳанги шаҳри Конибодом бо замзамаи сурудҳои
ватандӯстона хотирмон анҷом пазируфт.