Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид

2024-05-04

3 майи соли 2024 Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он, Муродов Ҷурабек, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Шарофиддинзода Мунир, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия иштирок намуданд.

Дар рафти маҷлис тибқи рўзнома масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат рӯзи 9 марти соли 2024 баён доштанд, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Ҳабибзода Зоҳир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда гузориш дода қайд кард, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе давоми семоҳаи якуми соли 2024 фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда, дар ин самт як қатор тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд.

Дар ин замина, ташкилотҳои ҳизбӣ раванди корҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшида дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 - солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 208 мулоқоту вохӯриро миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва сокинону шаҳрвандони ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир намуда, дар самти кор бо ҷавонон 23 чорабинӣ бо фарогирии 1589 нафар ҷавонон, дар самти кор бо занон 56 чорабинии сиёсиву фарҳангӣ ва маҳфилҳои маърифативу иттилоотиро бо фарогирии 47 ҳазору 850 нафар занону бонувон ташкил кард.

Дар идома гуфта шуд, ки дар ин давра бо ҷалби аъзои фаъолу ҷонибдорони ҳизб, кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилону сокинон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 2936 ҳашару шанбегҳои оммавӣ баргузор гардида, дар рафти онҳо 4210 дарахту ниҳол ва 3500 гулҳои ороишии мавсимӣ шинониданд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Фозилзода Шуҳратҷон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш дод.

Дар ин раванд, Муродов Ҷурабек, муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Шарофиддинзода Муниршо, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душабе зимни баромади худ оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳизбӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ, фаъол намудани намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва доир намудани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн гирифтани 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз масъулини сохторҳои ҳизбӣ тақозо намуд, ки дар ин самтҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, саҳмгузорӣ дар тозаю озода намудан ва ободонии ҳудуди ноҳия, таъмини иҷроиши саривақтии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳия дастурҳои мушаххас манзур намуданд. 

Дар анҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.