Ҳидоятҳои навини Пешвои миллат
2024-05-04
Санаи
9-уми марти соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ вохўрии хеле судманд,
саривақтӣ, талаби замон ва муҳимро баргузор намуда, бо суханронии пурмуҳтаво
масъалаҳои хеле мубрами рўзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Тавре
маълум аст, ҷумҳурии азизамон ба таври бесобиқа ва мунтазам дар ҳамаи соҳаҳои
ҳаёт рушду нумуъ карда, иншооти азими аср бунёд ёфта, шоҳроҳҳо ва пулҳои
бузурги аҳамияти байналмилалӣ ва дохилӣ сохта мешаванд ва сатҳи зиндагии аҳолӣ
батадриҷ беҳтар мегардад.
Пешвои
миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз
доштанд:
“Ҳукумати
мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани
сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои
иловагиро амалӣ мегардонад”.
Новобаста
аз ҳамаи ин тадбирҳо ва пойдории сулҳу ваҳдати саросарӣ, таъмин будани озодиҳо
ва саодати зиндагии мардум ҳоло зуҳуроти номатлубе дар самти риояи озодии
виҷдон, эътиқоди динӣ ва иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну
маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар
таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷониби баъзе шаҳрвандон мушоҳида мегардад.
Роҳбари
давлат иброз доштанд, “…бар ивази ҳамаи ин тадбирҳои то имрўз амалигардида ва
дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ
дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ,
ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва
нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло он ки мо Тоҷикистонро дар арсаи
байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва
муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ
ташаббуси байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем”.
Пешвои
миллат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дар
хориҷи кишвар ҷавонони ноогоҳ ва таҳсилнокарда, ё дар мактабҳои ғайриқонунии
динии хориҷӣ таҳсилкардаро гумроҳ ва ба гурўҳҳои худ шомил намуда, ба ин васила
мехоҳанд амнияти кишвари моро халалдор ва монанди солҳои 90-уми асри гузашта ба
вартаи ҷангу хунрезӣ кашонанд.
Дар
ин маврид Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “солҳои охир аз ҷониби баъзе
шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши
террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрўйи давлати тоҷикон
ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.
Илова
бар ин, шахсони алоҳидаи мардумфиреб дар дохили кишвар аз содагию камсаводии
баъзе афроди ҷомеа истифода бурда, онҳоро бо роҳи таассуб ва хурофот тобеи худ
гардонда, бо “муъҷизоту” “каромот”- и худ ба худ бузургтароширо раво дида,
лақабҳои бардурўғи “мавлоно”, “мавлавӣ” ва ғайраро ба худ мечаспонанд ва ба ин
васила пулу сарвати зиёдеро аз мардум меситонанд.
Яке
аз амалҳои ташвишовари дигар ин такрор ба такрор ба ҷо овардани маносики ҳаҷ аз
тарафи шаҳрвандон ва истиқболи номатлуби ҳоҷиён ва зиёдаравию худнамоӣ,
исрофкории зиёд ва тақлидкориҳои бемаънӣ дар ин самт мебошад.
Дар
робита ба ин падидаҳо, Пешвои миллат зикр карданд, ки “вазъи мураккабу
ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди
азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои
муосир- терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар
ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин
намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Дар
робита ба ин, бояд зикр намуд, ки агар ҳамаи зиёдаравию ифротгароӣ дар
эътиқодоти динӣ пешгирӣ карда нашавад, оқибат ба амалҳои экстремистиву
террористӣ ва халалдор гардидани амнияти кишвар оварда мерасонад.
Инчунин,
Пешвои миллат дар суханронии худ оид ба амалишавии нокифояи муқаррароти
қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи
фарзанд” изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини соҳа, аҳли ҷомеаи кишвар ва
ходимони динӣ иҷрои қатъии талаботи қонунҳои мазкурро талаб намуданд.
Дар
робита ба ин, бояд таъкид кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъд аз қабул
гардиданаш санаи 8-уми июни соли 2007 дар самти ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ҳалли
бисёр мушкилоти ҳаётан муҳимми ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.
Қонун
ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи
арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт ва суннатҳои диниву мардумиро ба танзим
дароварда, анъана ва ҷашну маросими миллиро мушаххасу дақиқ намуд.
Ба
ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву
зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории
чорабиниҳои милливу мардумӣ асос гузошт. Аммо, дар баробари ҳамаи ин, вобаста
ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ то ҳоло бархе аз шаҳрвандони кишвар ба хотири
худнамоӣ ва худро аз дигарон боло гузоштан ба исрофкорӣ ва хароҷоти зиёди пулию
молӣ роҳ медиҳанд.
Чунин
камбудию норасоиҳо дар самти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар
бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мушоҳида мегардад.
Гарчанде
мақсади қонуни мазкур пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму
тарбияи фарзанд, дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои
миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо тарбия кардани
фарзанд бошад, ҳоло ҳам барои ҳалли масъалаҳои зикргардида ба таври бояду шояд
таваҷҷуҳ зоҳир карда намешавад.
Пешвои
миллат роҷеъ ба ин масъалаҳо аз ҷумла чунин таъкид карданд:
“Фарзандонамонро
тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд,
соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ
дошта бошанд. Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем,
ки дар айёми пирӣ дастгирамон гарданд”.
Дар
охир, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади ҳадафноктар ва
мукаммалтар амалӣ шудани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи
масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” онҳо дар таҳрири нав қабул
карда шаванд.
Сардорбек
Азорабеков,
узви
фаъоли ташкилоти ибтидоии “Нерубахш”-и
Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ