Либоси миллӣ-таҷассумгари фарҳанги миллӣ
2024-05-04
Либоси миллӣ яке аз
рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ
аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои
муқаддаси миллат буд. Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни
миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти
фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ аксияи
“Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.
Бонувон – аъзои ҲХДТ
дар вилояти Суғд низ ин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, оғоз аз моҳи март
либосҳои миллӣ ба бар намуда истодаанд.
Дар пайравӣ ба аксияи
мазкур кормандони кумитаи иҷроияи
вилоятӣ аз ҳисоби занон ҳамарӯза бо либосҳои миллӣ ба кор омада, ба ин амал ба
аксияи мазкур ва ба либоси милли тоқикӣ эҳтиром гузошта истодаанд.
Боиси хушнудист, ки
солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу
тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд
гардидааст.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ
аён аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати ҳунарманд, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши
мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштаанд. Халқи тоҷик чун
кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар
ақсои олам шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас
қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба
нишони иззату икром пероҳанҳои зарбофти аз ҳамин матоъҳо омодашударо тақдим
менамуданд. Баробари атласу адрас имрӯзҳо духтарони тоҷик либоси чаканро, ки бо
нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст, ба бар менамоянд, ки он ба занону бонувони
тоҷик ҳусни дигар зам менамояд.