МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-05-03
3 майи соли 2024 дар
маҷлисгоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри
Душанбе, маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Абдуллозода Воҳид – муовини раиси ноҳияи Исмоили
Сомонӣ, аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир
гардид.
Рўзномаи маҷлиси
Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили
Сомонӣ фарогирии масъалаҳои
зерин буд, аз ҷумла гузориши
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили
Сомонӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи
аввали соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда, гузориши мудири
шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз рафти иҷрои нақша
чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид
ба қабули аъзои ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидои
оид ба таъсиси ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи рӯзномаи якуми
рӯзномаи маҷлис Қурбонзода Убайдулло оид ба ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроияи
ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти
минбаъда гузориш дода, қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи аъзои ҳизб
362 нафар зиёд гардида, 3 ташкилоти нави ҳизбӣ таъсис дода шуд, 289 нафар аз
дигар шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шуда, 20 нафар аз қайди кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бароварда шуда, 6
нафар бинобар сабаби фавт аз сафи ҳизб хориҷ гардид. Дар семоҳаи сипаришуда
Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ
дар асоси қарорҳои дар анҷуманҳо ва маҷлисҳои сохторҳои болоии ҳизб қабулшуда
ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб нақшаву барномаҳои мукаммал таҳия намуда,
як силсила корҳои муҳимро ба анҷом расониданд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми
рӯзномаи маҷлис гузориши мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоии Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рафти иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни
30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузориш манзур
намуд. Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи
Исмоили Сомонӣ барои амалӣ намудани қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи
Марказии ҳизб “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” тадбирҳои зарурӣ андешида, дар назди
Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аз ҳисоби аъзои Раёсату Кумита, собиқадорони
ҳизбу меҳнат ва кормандони масъули ҳизбӣ ситоди доимиро таъсис дода, нақша
чорабиниҳои алоҳидаро таҳия ва тасдиқ намуд.
Дар
доираи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбӣ бо иштироки аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб маҷмуи чорабиниҳоро дар сатҳи
баланди сиёсию ташкилӣ баргузор карда истодаанд.
Мувофиқи масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзномаи маҷлис
тасдиқи қарорҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзои ҳизб
ва тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидои оид ба таъсиси
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ
баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.