Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид
2024-05-03
Маҷлиси Раёсати
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар
семоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид. Нахуст дар маҷлис ҳисоботи Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар семоҳаи
якуми соли 2024 шунида шуда, вазифаҳо барои давраҳои минбаъда, омӯзиш ва
тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот
бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз моҳи марти соли 2024, ҷараёни
амалисозии нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба
таҷлили 30 – солагии таъсиси ҲХДТ, дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва
ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар
давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби шахсони фаъол 683 шаҳрванд ба сафи аъзои ҳизб
пайвастанд.
Иттилоъ дода шуд, ки
дар давраи ҳисоботӣ шаш ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи
“ТАУЗ Гидро”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Евро Дез”, Муассисаи давлатии
“Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи
китоби Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ҳамбастагии бемориҳои
кӯдакона, Муассисаи таълимии “Гимназияи хусусӣ” - и ба номи Марям Зиёева ва Ҷамъияти
дорои масъулияти маҳдуди “Арвис” таъсис
дода шуданд. Дар идомаи маҷлис гузориш оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо
бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шунида
шуд.
Иброз гардид, ки
Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани
солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавсими баҳорӣ бо ҷалби Шурои
намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи
Фирдавсӣ, кумитаву ташкилоти ҳизбӣ аксияи ниҳолшинӣ доир намуд, ки дар маҷмуъ
5385 бех ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз, 16 624 бех гулҳои садбарг ва мавсимӣ дар
дохили ташкилоту муассисаҳо ва дохили майдончаҳои варзишии ноҳияи Фирдавсӣ
шинонида шуданд.
Дар интиҳо вобаста ба
масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.