Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир
2024-05-02
1 майи соли ҷорӣ дар
Кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бо
мақсади гиромидошти 113 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири шаҳири тоҷик,
вассофи дӯстии халқҳои ҷаҳон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва
30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Турсунзода, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”
конференсияи илмию назариявӣ таҳти
унвони «Таъсири андеша дар рушди инсон» бо иштироки доираи васеи ҷавонон
баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур,
раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло, муовини раиси шаҳри Турсунзода
Азимзода Азимҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ҳабибуллозода Нурулло,
адабиётшиноси маъруф, роҳбари Маркази ҷумҳуриявии “Хирад” Абдуҷалил Амон ва
узви КИМ ҲХДТ, Ииштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни
суҳбат иброз гардид, ки шоир аз мавзуъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори
андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву
адабии худро ба нерўи азими маънавӣ мубаддал намуд. Мероси гаронбаҳои адабии
Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти
халқ ва давлат ҷавобгў мебошад. Шеъри ў ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони
соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо
ҳамсадо мешавад.
Дар
идома зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи
бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули 30 соли
фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти
ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу
назаррасеро анҷом додааст. Таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро низ
ба сифати дастоварди бузурги сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ метавон арзёбӣ
намуд, зеро ин ҳизб бо мақсади таҳкими давлатдории навин ва таъмини ҳуқуқу
озодиҳои инсону шаҳрванд ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва
маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кушишу ғайрат ва донишу идроки
онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлоли сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.