Корҳои таблиғотӣ вусъат меёбанд
2024-05-02
Дар ростои иҷрои
дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри
соли 2023 ва зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини
кишвар, санаи 9 марти соли 2024, баён доштанд, бо мақсади беҳтар намудани
корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани
маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону
ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла
муқовимат ба экстремизм ва терроризм, амалҳои коррупсионӣ, нашъамандӣ, никоҳи
бармаҳал, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, даъвати
ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таъмини
фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа аз тарафи гурӯҳи тарғиботӣ дар деҳаҳои
Чангол, Чубот, Ҳавзак ва Сарикамари
шаҳри Панҷакент бо иштироки зиёда аз 435 нафар мулоқот доир карда шуд.
Дар мулоқот оид ба
масъалаҳои баёнгардида муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,
Муродзода Мастона, роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Панҷакент Нуруллозода Шириншоҳ ва корманди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли
аҳолӣ Аминзода Хуршеда иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханрониҳо аз
иштирокчиёни мулоқот даъват ба амл оварда шуд,
ки вобаста ба масъалаҳои баррасигардида бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ
муносибат карда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, ки пайваста зимни суханрониҳояшон баён медоранд, чораҳои саривақтӣ
андешанд ва суханони Роҳбари давлатро барои
хеш чун дастури амал қабул карда, дар зиндагиашон амалӣ созанд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки дар
таълиму тарбияи насли навраси худогоҳу худшинос, ватандўсту ватанпарвар, ки
ояндаи давлату миллат аз онҳо сахт вобаста аст, сахми арзандаи хешро гузоранд
ва фарзандонро дар рӯҳияи гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ, суннатҳои
аҷдодӣ, шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ,
ободиву озодии кишвар, фазои орому сулҳбори Тоҷикистони азиз, сулҳу субот,
якпорчагии кишвар, ваҳдати миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушду нумуъ ва ободию пешрафти
Ватани маҳбуб, эҳтироми калонсолону хурдсолону ҳамсолон, забономўзиву
забондонӣ, омӯзиши илмҳои дакиқ, китобхонӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон” – оинаи
таърихи миллат” ва ғайра,
ҳунар ва ҳунармандӣ, ҳушёриву зиракӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, дур
шудан аз тамошои силсилафилмҳои бемаънӣ ҳидоят намоянд.
Ҳамзамон
барои амалишавии қонунҳои миллӣ ва пешгирии зиёдаравӣ дар ташкилу баргузории
тӯю маъракаҳо, таъмини зиндагии шоистаи худ ва фарзандон, ободу зебо
гардонидани хонаю дари худ ҷаҳду талош намоянд. Бояд зикр сохт, ки сокинон аз
баргузории чунин мулоқоти судманд ва саривақтӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар
охир, ба саволҳо ва талабу дархостҳои иштирокчиёни мулоқот посухҳои қонеъкунанда
дода шуданд. Чунин мулоқоту сӯҳбатҳои судманд аз рӯйи нақша дар дигар деҳаҳо
идома дорад.