Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба "30 солагии ҲХДТ" дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

2024-05-02

Бахшида ба “30 солагии ҲХДТ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боқӣ Раҳимзода”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони "Бо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтихор дорем" баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Розиқ Нурзод, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Мубориз Саидзода, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигари аъзои ҲХДТ фаъолона иштирок намуданд.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ба сухан баромада иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо ҳамаи аъзои ҲХДТ-ро бахшида ба 30-солагии ҲХДТ" табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон қайд намуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани пояҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешрафти ватани азизамон ниҳоят бузург мебошад.

Сипас ба як қатор фаъолон сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт тақдим карда шуд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии дастаи ҳаваскорони аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки барномаи мазкур саршор аз таронаҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ буда, тараннумгари ваҳдату ягонагӣ ва осоиштагии Ватани азизамон буданд.