Баргузории даври шаҳрии озмуни вилоятии «Беҳтарин омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ» таҳти унвони «Ҳимояи Ватан – рисолати мост!»

2024-04-25

Бо мақсади татбиқи амалии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025, тақвият бахшидани корҳои оммавӣ – мудофиавӣ, баргузории корҳои ҳарбӣ - ватанпарастӣ байни ҷавонону наврасон ва дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан тарбия намудани онҳо, тарғиби зарурати хизмати ҳарбӣ, оини ватандорӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷавонон баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии мамлакат, марзу буми кишвар, ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои варзишӣ ҳарбӣ ва афзудани мақому нақши омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 15 марти соли 2024, №21 даври шаҳрии озмуни вилоятии “Беҳтарин омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ” дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Озмун аввал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир шуда, 10 дастаи ғолиб ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Даври шаҳрии озмун санаи 24 апрели соли 2024 дар Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он 10 даста аз рӯи шартҳои низомномаи озмун қувваозмоӣ намуданд.

Иштирокчиёни озмун аз рӯи шартҳои омодагии сафороӣ, ба қисмҳои нопурра ҷудо намудан ва ҷо ба ҷо кардани қисмҳои автомати калашников, ба тирдони автомати калашников ҷой кардан ва холӣ кардани тир, бардоштани тана дар турник, ҳаво додани норинчак ба дарозӣ, давидан ба масофаи 100 метр, тирпаронӣ аз яроқи пневматикӣ қувваозмоӣ намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Мунзифа Пӯлотова ва мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Парвиз Салоҳиддинов иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими мактаби муосир мебошад, зеро дар хонандагон ва ҷавонон давраи пурмаҳсул барои тарбияи муҳаббат ба Ватан эҳсос карда мешавад. Тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун ташаккули тадриҷӣ ва устувории муҳаббати хонандагон ба Ватан фаҳмида мешавад, ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта мебошад. Ҷавонон бояд ҳисси ифтихор ба ватанро дошта бошанд, мардуми худро эҳтиром, дастовардҳои бузург ва саҳифаҳои шоистаи гузаштаро инкишоф диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофу таҳкими бахши тарбияи ватандӯстии ҷавонон иқдомҳои наҷибу мушаххас намуда, ба воситаи мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ онҳоро дар амал пиёда месозанд. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон маҳз бо ибтикори Сарвари давлат таҳия ва қабул гардид ва дар тамоми самтҳои асосии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавононро фаро гирифтааст.

Озмуни вилоятии “Беҳтарин омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ” дар доираи баргузории машқҳои ҳарбӣ – саҳроӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан – рисолати мост» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якҷоя бо сохторҳои дахлдори он роҳандозӣ гардида, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии хонандагону ҷавонон, омодагии дифоӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гузаронида мешавад. Ғолиби ҷойи аввали озмун барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Дар охир ғолибон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷом, диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.