Бузургтарин ҳамоиши ҷавонон дар ҷаҳон

2024-04-25

         (Бардошт аз Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон-2024)

Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон-2024, ки аз 1-ум то 7-уми март дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия доир гардид, дарвоқеъ, рӯйдоди таърихиест, ки ҷавонони чандин кишвари ҷаҳонро барои ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва ҳалли мушкилоти глобалӣ гирд овард.

Чорабиниҳои фестивал бисёр ҷолиб, фарогири конфронсҳо, форумҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзишӣ, муколама ва шиносоӣ байни намояндагон ва сарварони ҷавонони кишварҳои гуногун буданд.

Яке аз мавзуъҳои асосии форум ба мустаҳкам кардани сулҳу субот, ҷалб намудани диққат ба мушкилоти экологӣ, иҷтимоӣ, ҳамчунин, тараққиёти технологӣ равона гардида буд.

Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон майдони шавқоваре буд, ки дар он ҷавонони мамлакатҳои гуногун ба ҳам омаданд.

Дар он барои табодули фарҳанг, анъана, санъат ва мусиқӣ имконияти хуб фароҳам оварда шуд. Консертҳо, намоишгоҳҳо, омӯзишҳо ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ ташкил гардиданд, ки барои ҷавонон фазои хуби фароғат, омӯзиш ва муошират фароҳам оварда шуданд.

Фестивали мазкур бо мақсади муттаҳид кардани ҷавонони тамоми ҷаҳон дар атрофи арзишҳо, ғояҳо ва фароғатҳои умумӣ таъсис дода шудааст, ки он ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷрибаи фарҳангӣ, рушди таҳаммулпазирӣ ва дарки тафовутҳо мусоидат менамояд. Илова бар ин, фестивал метавонад ҷавононро ба иштироки фаъолона дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили таҳдидҳои экологӣ, нобаробарии иҷтимоӣ ва рушди технологӣ ташвиқ кунад. Он барои табодули афкор, ҷустуҷӯи равишҳои нави ҳалли мушкилот ва ба вуҷуд овардани робитаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ байни сарварони ҷавони тамоми ҷаҳон замина фароҳам овард.

Дар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон чорабиниҳои таълимӣ: лексияҳо, семинарҳо, дарсҳои маҳорат дар мавзуъҳои гуногун аз илм ва техника то санъат ва фарҳанг; мусобиқаҳои варзишӣ: футбол, волейбол, баскетбол, инчунин, чорабиниҳои махсус бахшида ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш; форумҳо ва мубоҳисаҳо: муҳокимаи мушкилоти ҷорӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар асоси татбиқи усулҳои дастаҷамъонаи иштирокчиён; намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо: намоиши ҳунарҳо, асарҳои санъат, маҳсулот ва дастовардҳои фарҳангӣ; барномаҳои волонтёрӣ: иштирок дар лоиҳаҳои хайриявӣ ва иҷтимоӣ барои дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ баргузор гардиданд, ки барои иштирокчиён хеле ҷолиб ва хотирмон буд.

Ҳамин тариқ, 2-юми марти соли 2024 дар Маркази “Арт. Молодость” маросими кушодашавии Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон бо унвони “Ҷаҳон тағйир меёбад, зеро ман тағйир меёбам” баргузор гардид, ки дар он Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин тариқи видеоконференсия иштирок намуд.

Владимир Путин қайд кард: “Барои ҷавонон сарҳад ё хати ҷудокунанда вуҷуд надорад, онҳо омодаанд муошират кунанд, донишу таҷрибаи нав гиранд. Шумо насли ҷавон ҳастед, андеша мекунед, ки ҷаҳони амн ва одилона чӣ гуна буда метавонад ва эҳё кардани он аз шумо вобаста аст. Фестивал ба шумо имкон медиҳад, ки дар ин мавзуъ бо ҳамсолони худ суҳбат кунед. Ман итминон дорам, ки мубоҳисаҳои шумо барои аудиторияи васеъ ҷолиб ва муфид хоҳанд буд, инчунин, таассуроти шумо дар бораи рӯйдодҳое, ки дар ҷойҳои муайян баргузор мешаванд ва албатта, дар бораи худи Россия, дар бораи мардуме, ки инҷо зиндагӣ мекунанд, бисёр муҳим аст.

Маросими ифтитоҳи фестивал аз баромадҳои гурӯҳҳои рақсӣ, мусиқӣ ва хор аз кишварҳои гуногун иборат буд. Ҳар як саҳна маънои гуногун дошта, масъулият барои сарнавишти ҷаҳон, ваҳдати гуногунмиллӣ, адолат, кумаки мутақобила ва кори дастаҷамъӣ, ҷаҳони имкониятҳо барои ҳама, ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва анъанавиро таҷассум мекард.

Ҳар рӯзи Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар минтақаи “Сириус” (Парки олимпӣ)-и шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо мавҷи мусбат оғоз меёфт ва варзишгарони маъруф ба онҳо кӯмак мекарданд, ки руҳияи дуруст пайдо кунанд ва неруи худро таҳким бахшанд.

Дар тӯли тамоми рӯзҳои фестивал дар доираи барномаҳои варзишӣ, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Бозиҳои умумиҷаҳонии дӯстӣ таҳия шудааст, ҳамаи иштирокчиён метавонистанд дар машқҳои солимгардонӣ иштирок кунанд.

Илова бар ин, дар ҷараёни фестивал шахсони маъруф, аз ҷумла муовини раиси Шурои амнияти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев дар марафони барҷастаи таълимии лексияи Ҷамъияти «Дониш» дар мавзуи «Сарҳадҳои ҷуғрофӣ ва стратегӣ» ва вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров дар ҳамин ҷаласа суханронӣ карданд.

Дар доираи фестивал 4-уми март, ки ҳамчун «Рӯзи ҷаҳони имкониятҳо барои ҳама» эълон карда шуда буд, ҳунарпешаи маъруфи турк Бурак Озчивит ба мухлисони кишварҳои гуногун аз асрори муваффақияти филмҳои туркӣ, ки дар саросари ҷаҳон тамошобини худро пайдо кардааст, суҳбат намуд. Ҳунарпеша аз ҷумла иброз дошт: “Эҳсоси одамон гуногунҷабҳа аст ва эҳсоси асосие, ки ҳамаро муттаҳид мекунад, ин муҳаббат аст. Ин аввалин эҳсосест, ки ба мо имкон медиҳад ҳар як дилро ба даст орем. Аз ин рӯ, муошират тавассути филмҳои телевизионӣ муҳим аст. Бо ин роҳ мо метавонем арзишҳои умумиро интиқол диҳем ва тамоми ҷаҳонро муттаҳид кунем”.

Ҳамчунин, дар ин фестивал имкон пайдо гардид, ки бо дӯстони зиёд шиносоӣ пайдо намоем.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар доираи фестивал “Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Иштирокчиён дар тан либосҳои миллӣ доштанд ва барои ширкаткунандагон фарҳанги бостонӣ ва волои моро намоиш доданд.

Гулнигори Шукурзода,

мудири бахши сомонаи Дастгоҳи

Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ