Маҷлиси ҳисоботӣ баргузор гардид

2024-04-24

Санаи 24 апрели соли 2024 дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҳти раёсатии раиси КИ ҲХДТ Ҳабибуллозода Нурулло баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло, фаъолон ва раисони кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар семоҳаи аввали соли 2024, ҷараёни амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Обуна барои соли 2025, тадбирҳо оид ба ҷараёни иҷрои қарори раиси шаҳри Турсунзода оид ба даъвати ҳарбӣ, иҷрои нақшаи амали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода доир ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 баррасӣ гардиданд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Ҳабибуллозода Нурулло доир ба фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷории Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҳисобот пешниҳод намуданд.

Сипас, Атоев Осим, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доираи масъалаи ҷараёни иҷрои қарори раиси шаҳри Турсунзода оид ба даъвати ҳарбӣ баромад намуд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода доир ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ба музокира баромад.

Пас аз тасдиқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ташкилоти ТҶҶ “Созандагони Ватн” Аҳмадзода Оятулло баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ оид ба таблиғу ташвиқи ҷавонон ба донишомӯзӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар – Ватан, ёдоварӣ намуд.

Дар идома зикр кард, ки ҷавонони даврони муосирро лозим аст, ки ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд.