Дар шаҳри Ҳисор маҳфил – озмуни “Тоҷикистони ман!” ва “Шоҳнома Ватан аст!” доир мегардад

2024-04-24

Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор ба муносибати сазовор таҷлил намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии таъсисиёбии ҲХДТ дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил - озмуни “Тоҷикистони ман!” ва “Шоҳнома Ватан аст!” роҳандозӣ карда мешавад, ки ҷаласаи якуми маҳфил – озмунҳои мазкур гузаронида шуда, низомнома ва ангораи маҳфилҳои мазкур тасдиқ карда шуд.

Тавре Изатуллои Ҳабибзод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар ҷаласаи кумитаи тадорукот зикр намуд, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10 – 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор маҳфил – озмунҳои мазкур гузаронида мешаванд.

Дар идома мавсуф зикр намуд, ки ҳадафи маҳфил-озмунҳо амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон ба андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҷоҳуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон маҳсуб мегардад.

Дар маҳфил-озмун донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор иштирок карда метавонанд.

Ба ҳар як иштирокчӣ барои муаррифии худ ва ғазалҳои азбарнамудааш вақти озод дода мешавад.

Ҳар як иштирокчии маҳфил-озмун бояд 10 ғазал дар мавзуи Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва амсоли ин мавзуъҳо донад.

Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи қироати ифоданоки шеър ва ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад.

Маълумоти дақиқ дар бораи забони тоҷикӣ дар муддати то 3 –дақиқа.

Ба ҳайси роҳбалад муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 3 дақиқа.

Маълумот дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтару хубтар муайян намудани дониши иштирокчӣ саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд.

Даври якуми маҳфил – озмунҳо дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, ғолибон барои иштирок ба даври шаҳрӣ пешниҳод мегарданд.

Аз ҷониби Кумитаи тадорукот ба ғолибони маҳфил – озмунҳо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.