ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ШАҲРӢ

2024-04-19

Дар остонаи таҷлили ҷашни 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои маърифативу омӯзишӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ мегардад. Чунончӣ як гурӯҳ донишҷӯёни факултети сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарии омӯзгор Малика Саидова аз фаъолияти кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дидан намуданд. Зимни шиносоӣ ва мулоқоти озоду шаффоф раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои таърих Мунзифа Пӯлотова аз зарурият ва таърихи таъсисёбии ин ҳизби муқтадир дар шаҳри Хуҷанд ҳарф зада баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи басо душвор ва ҳассос арзи ҳастӣ намуда, рисолаташро дар нигаҳ доштани сулҳ, дар атрофи идеяи миллӣ сарҷамъ намудани сокинон ва таъмини зиндагии шоиста ба мардум медонад. Шуруъ аз моҳи сентябри соли 1998 ташкилоти ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд амал карда, алҳол теъдоди аъзо ба 22 ҳазору 600 нафар дар 266 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ омадааст.

Сипас донишҷӯён зимни шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаҳои занон ва ҷавонон, омор, таблиғот аз он огаҳ гардиданд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ягона ташкилоти ҳизбии дар миқёси вилоят аст, ки соҳиби сомонаи худ ва нашрияи даврии бо номи “Шафақ” аст, ки дар пур кардани фазои иттилоотӣ нақши бориз дорад.

Зимни саволу ҷавоб донишҷӯён доир ба талаботи оинномавӣ ва Барномавии ҳизб, ҳамкории ташкилот бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ, саҳми ҳизбиён дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Чунин шиносоии донишҷӯён бо фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зимни баргузории рӯзҳои дари кушод минбаъд низ идома хоҳад кард.