Ҷамъбасти мусобиқаи варзишии волейбол бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2023-11-20

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани сокинони пойтахт ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мусобиқаи варзиширо аз рӯйи намуди волейбол дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 баргузор намуд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи мазкур муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Мусоҷонзода Ҷамила ва устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур 15 даста аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, ғолибон ва ҷоизадороне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуданд бо ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таблиғи сиёсати бунёдкоронаи ва ҳадафҳо созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор ташаббусҳо роҳандозӣ гардида, барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ ва ифтихор аз ҳуввияти миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.