Таҷлили “Рӯзи илми тоҷик” дар КИИ «Хирадмандон» - и ҲХДТ дар АМИТ

2024-04-18

Ҳар як давлатро миллаташ бо илму дониш ва заковату фаҳмиши хеш ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Бузургону гузаштагони миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим тоҷику тоҷикистониро миёни мардуми дунё бо донишу заковати хеш шиносонида буданд. Бузургии миллати тоҷик аст, ки фарзандони фарзонааш ба монанди Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, дар арсаи ҷаҳонӣ бо илму донишу маҳорати худ тавонистанд, ки илму донишу халқияти худро муаррифӣ намоянд.

Бо ин мақсад, санаи 16 апрели соли ҷорӣ, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”и ҲХДТ дар АМИТ, бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” чорабинии татанавӣ баргузор гардид.

Аҳли Раёсати Академия нахуст барои пос доштани хотири аҳли илму адаб барои гулгузорӣ дар Оромгоҳи бузургон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон сафарбар гардиданд. Дар идома дар толори АМИТ бо иштироки фаъоли академикону олимон чорабинии илмӣ - тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” баргузор шуд, ки нахуст Президенти АМИТ, раиси КИИ “Хирадмандон” - и ҲХДТ дар АМИТ - Хушвахтзода Қобилҷон бо сухани муқадимавии хеш аҳли илмро муборакбод намуда, зикр дошт, ки воқеан, илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босубботи ҷомеа ба шумор меравад.

Бо назардошти аҳаммияти хосаи ин самти афзалиятнок ва заминавии ҷомеа дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал татбиқ гардида истодааст ва оид ба пешравиҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуд.

Ҳамзамон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қувватзода Сайдулло, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдухолиқзода Лутфия, Раиси Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Давлатзода Сайфиддин, намояндаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аҳли илмро ба муносибати “Рӯзи илми тоҷик” табрику муборакбод намуда, аз дастовардҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ёдовар шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ олимону академиконе, ки солҳои тулонӣ дар рушди илми тоҷик заҳмат кашидаанд, бо ҷоизаву ифтихорномаҳои роҳбарияти академия қадршиносӣ гардида, ба олимони ҷавоне, ки корҳои илмии онҳо тасдиқ шудаанд, дипломҳои номзадиву докторӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.