Сайри шоми Душанбе: “Душанбе - мафтункунандаи дилҳо”

2024-04-17

Санаи 16 апрели соли 2024, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт ва 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хатсайри ҷолиби сайри “Шоми Душанбе” бо иштироки ҷавонони фаъол, кӯдакону наврасон, сокинон ва меҳмонони пойтахт роҳандозӣ гардид.

Нахуст, хатсайр аз боғи устод Рӯдакӣ оғоз гардида, маҳфили шеъру сурудхонӣ дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Модар ва пойтахти азизамон шаҳри Душанбе аз ҷониби ҷавонони соҳибистеъдоду хушзавқ доир гардид.

Хатсайри мазкур аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо табъи болида ва идонаи иштирокдорон равона гардида, шоми шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг, шаҳри зебову дилоро ва шаҳри таърихиву дӯстдоштанӣ -шаҳри Душанберо тамошо намуданд.

Дар идома, иштирокдорони хатсайри шоми Душанбе дар боғи ба номи Аҳмади Дониш дар якҷоягӣ бо сокиноне, ки дар боғу гулгаштҳо сайругашт менамуданд, намоишҳои рақсу суруд ва шеъру ғазалхонӣ доир намуданд.