МУЛОҚОТИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ БО САФИРИ ДАВЛАТИ ФАЛАСТИН ЛУАЙ ИССА

2024-04-12

11-уми апрели соли равон муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исса мулоқот кард.

Дар ибтидои вохӯрӣ Абдуҷаббор Азизӣ ҳайати меҳмононро бо фарорасии Иди саиди Фитр ва ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта, иброз дошт, ки барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Фаластин ба рушду тавсеаи муносиботи ҳасанаи ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф мусоидати муассир мекунад.

Абдуҷаббор Азизӣ густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва аҳаммияти таҳкиму такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро муҳим ва зарур шумурда, самтҳои гуногуни иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамчунин соҳаҳои фарҳанг, илму техника, маориф ва тибро аз ҷумлаи самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ кард. 

Дар идомаи мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон аз Роҳбари давлат то мардуми одии кишвар ҳамлаҳои истилогароёнаи артиши Исроилро ба Навори Ғазза, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон, кормандони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ, хабарнигорони васоити ахбори омма ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мардуми осоишта гардид, қатъиян маҳкум мекунанд.

-Воқеияти имрӯза бори дигар бозгӯи он аст, ки ҳалли қазияи Фаластин таъмини сулҳи одилона ва иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили давлати мустақили Фаластин ба шумор меравад, - зикр кард дар мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ.   

Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исса дар навбати худ баён дошт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи артиши Исроил бештар мардуми осоишта ҷон бохта, айни замон зиёда аз як миллион аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи пурра аз норасоии озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд. Мардуми ҷафокашида аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои амниятии башардустонаро интизор ҳастанд, то ки ба фоҷеа ва ранҷу азият хотима дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки санаи 11-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, дар ҳузури намояндагони кишварҳои исломӣ изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтани иншооти ғайринизомиро дар навори Ғазза, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад. Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.  

Аз қатъномаи (№181) Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 75 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, он амалӣ нагардидааст, то ҳол давлати мустақили Фаластин таъсис дода нашудааст.

То имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати мустақил амалӣ нагардидааст.

Аз ин рў, ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумӣ ва Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид саъю кӯшиш намоянд, то Давлати Фаластин бо заминҳои расмии хеш, таъсис дода шуда, асоси ин ҳама нооромиҳо аз байн бурда шавад. 

Эътироф кардани Давлати Фаластин як зарурати стратегӣ барои ҳифзи созиши ду давлат ва расидан ба сулҳ мебошад.

Ҳамчунин Сафири Давлати Фаластин қайд намуд, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 51 дарсади қаламрави Фаластин ба Исроил дода шуд, ба Фаластин 48 дарсад боқӣ монд ва 1 дарсад, аз ҷумла нисфи Байтулмуқаддасро минтақаи байналмилалӣ эълон карданд ва бояд фаластиниҳо дар макони будубоши худ, ки ба Исроил дода шудааст, ҳамчун шаҳрванди ин давлат зиндагии худро идома медоданд, аммо бар асари ҷабру зулми низомиёни исроилӣ мардуми маҳаллӣ манзилу сарпаноҳи худро гузошта, ба минтақаҳои амнтар фирор карданд.

Тайи ин солҳо 590 шаҳраку маҳаллаҳои фаластиннишин вайрону валангор ва 1 миллион фаластинӣ аз ватан берун шудаанд, ки шумораи онҳо алҳол ба 7 миллион нафар мерасад.

Бар асари ҳиҷрат ва ҷангу куштор шумораи сокинони Фаластин сол то сол кам мешавад.

Имрӯз ҳуқуқи мардуми Фаластин маҳдуд аст. Ҳукумати Фаластин низ фақат ҳуқуқи пеш бурдани корҳои идориро дорад. Ин маҳдудиятҳое, ки ба сари мардуми Фаластин омадааст, аз ҷониби давлатҳои манфиатдори абарқудрат ба амал омадааст.

Сафири Давлати Фаластин доктор Луай Исса афзуд, ки дар натиҷаи бедодгариҳои низомиёни Исроил тайи ин солҳо теъдоди зиёди фаластинӣ ҷон бохтаанд, Алҳол 5 ҳазор фаластинӣ дар маҳбасҳои Исроил зиндонӣ ҳастанд.

Абдуҷаббор Азизӣ дар хотима гуфт, ки буҳронҳо ва хатару таҳдидҳои ҷиддие, ки имрӯзҳо дар паҳнои ҷаҳон ҷараён доранд, моро ба ваҳдату ҳамраъйӣ, муттаҳидиву сарҷамъии беш аз пеш водор месозанд. Дар марҳалаи кунунӣ зарур аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона ҷиҳати расондани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Мулоқот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.