НАҚШИ ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ

2024-04-09

- Омӯзгорӣ пуршарафтарин касбест, ки аз қадимулайём насли башар ба он арҷ мегузорад. Зеро омӯзгор на танҳо илму адаб меомӯзад, балки меъмор ва наққошест, ки тарҳи фарди ояндаро бо сифатҳои олии инсонӣ, савод, тарбия ва фаҳмиши расо меофарад. Ранҷеро, ки ӯ дар таълиму тарбияи насли наврас мекашад, метавон бо ранҷу машаққати модар қиёс намуд. Агар модар ба тифл шираи ҷон бахшад, омӯзгор ба ӯ шираи маърифату ирфон медиҳад-мегӯяд ассистенти кафедраи методикаи таълими математикаи факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Азизбеки Маъруфҷон.

Рушди илму маориф - калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо   

Боиси хушнудист, ки мақом ва манзалати омӯзгор дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо кӯшишу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардошта шуд. 

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шуданашон ба мушкилоти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва идома ёфтани муноқишаҳои дохилӣ дар кишвар нигоҳ накарда, кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд, то ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқсозии низоми маорифро таъмин намоянд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат маорифу омӯзгорро сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо донистаанд: “Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем”.

Ин дар ҳоле буд, ки Пешвои миллат ба хубӣ дарк мекарданд, ки мардуми Тоҷикистон он замон аз ҳама рӯзҳои сахттарини ҳаёти худро пушти сар мекарданд.

Вобаста ба рушди соҳаи маориф Президенти мамлакат таъкид доштанд: “То замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро ба дараҷае, ки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор acт”.

Ба хотири ин ҳадафҳои воло Роҳбари давлат пайваста талош мекарданд, ки аз равишу усулҳои гуногун истифода бурда, таҷрибаи ҷаҳониро омӯзанд, соҳибкорони ватандӯст ва аҳли зиёро даъват мекарданд, ки дар ин иқдоми хайр саҳмгузор бошанд.

Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳлилу баррасӣ намуда, рушди соҳаи маорифро дар меҳвари асосии рушди пешрафти мамлакат гузоштанд.

Сарвари давлат аз ҷумла, зикр намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем ва чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф - сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи дурахшони Ватан мебошад.

Ҳамчунин, дар Паёми худ Пешвои миллат иброз намуданд, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва азхуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

“Давлатро кӣ обод мекунад? Мутахассис!”

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад, ин таъмини мактабҳо бо омӯзгорони соҳибкасб мебошад.

Пӯшида нест, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар бештари мактабҳои ҷумҳурӣ омӯзгорон намерасиданд ва ё ба ҷойи муаллимони соҳибкасб шахсони бетаҷриба кор мекарданд, ки саводи кофи надоштанд. Ин масъала, махсусан, дар маҳалҳо боиси ташвиш буд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва талошу заҳматҳои Пешвои миллат ин масъала марҳила ба марҳила роҳи ҳалли худро пайдо карда истодааст.

Ҷиҳати омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба Вазорати маориф ва илми кишвар ва донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат супориши қатъӣ дода шуд, ки барои омода намудани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ бо забонҳои хориҷӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намоянд.

Дар баробари ҷорӣ намудани низоми нави тарбияи кадрҳо ба сифати тайёр кардани мутахассисон аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд, то ки онҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй бошанд.

Соли 2023 барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Бояд зикр намуд, ки дар солҳои таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар кишвар 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар солҳои таҳсили 2022-2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

“Олимони ҷавонро тарбия кунед, фақат як қоғаз надиҳед, ақл диҳем, касб диҳем”.

Муҳимтарин нуқтаи Паёми Президенти мамлакат дар он аст, ки аз тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва касбу кор ёдовар мешаванду нозуктарин паҳлуҳои онро баён менамоянд. Бо ин назардошт мо иброз медорем, ки Паём тарбиятгар ва роҳнамову роҳкушои халқи тоҷик дар ҳама соҳаҳост.

Чӣ тавре ки мо, омӯзгорон дар пайравӣ ба Сарвари маорифпарвари кишвар барои рушди соҳа саъю талош мекунем, ҷомеа низ дар самтҳои гуногун Паёмро роҳнамои худ қарор дода, гомҳои устувор мебардоранд.

Мо, омӯзгорони ҷавон ва аҳли зиёи ҷомеа ба ин ҳама таваҷҷуҳу бовариҳои Роҳбари давлат ва ғамхориҳояшон нисбат ба соҳаи мактабу маориф ҷавоби муносиб дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки рисолати касбии хешро баҳри ҳимояи манфиатҳои давлату миллат равона намуда, намегузорем, ки ақидаҳои ифротиву иртиҷоӣ дар ҷомеаи мо паҳн шавад. Сиёсати созанда ва пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоем, ки донишҷӯёнро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, то ки дар таъмини амнияти мамлакат саҳмгузор бошанд ва онҳоро дар руҳияи баланди ватандӯстиву меҳнатпарастӣ тарбия намоем, - иброз дошт Азизбеки Маъруфҷон.

Сафинаи Маъруфҷон