Иқдоми ҳизбиёни пойтахт: “Тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист – қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост”

2024-04-08

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони пойтахт дар минтақаи 101, маҳаллаи Чорякорони ноҳияи Сино, Оромгоҳи маҳаллаи Бӯстон 1-и ноҳияи Шоҳмансур, шаҳраки 46, 62, 65-и ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шанбегиҳои оммавӣ дар ҳамдастӣ бо Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саҳм” – и Агенти рушди бозори қоғазҳои қиматноки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, масъулин дар Боғи Ирами пойтахт беш аз 50 арчаи ҳамешасабз шинониданд.

Мақсад аз баргузории чорабиниҳои ободонӣ, ин тозагии муҳити зист аз ҳаргуна партовҳои сахти маишӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим, тоза нигоҳ доштани назди биноҳои маъмурии корхонаҳо, маҳалли аҳолинишин, оромгоҳҳои пойтахт ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ инчунин ба ин васила саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, одоби шаҳрнишинӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе мебошад.

Ҳамзамон, иқдоми мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб мебошад, ки бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати густариши корҳои ободонӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе тасдиқ шудаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон бо ҷалби аъзои пурифтихораш амалӣ мегардонад. Ҳамин аст, ки имрӯз кишвари азизи мо, бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ макони сайёҳӣ ва мавзеи биҳиштосо муаррифӣ гардида, дар дили меҳмонону сайёҳон ҷой гирифтааст.

Бояд гуфт, ки тозагиву ободонӣ рисолати мардуми сарбаланди мо буда, дар гузашта он яке аз рукнҳои муҳими анъанаҳои миллии мо маҳсуб меёфт ва дар замири кӯдакону наврасон ҳисси зебоипарастиро талқину ташвиқ менамуд. Истифодаи дуруст ва самараноки майдончаҳои варзишӣ низ ғамхорӣ ба ояндаи кӯдакону наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Аз ин рӯ, ҳамаи мо-сокинони пойтахт бояд назди хонаву коргоҳ, кӯчаву роҳҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дар маҷмуъ, пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо, ки хонаи умеди мост, тоза нигоҳ дорем ва майдончаҳои варзиширо, ки баҳри рушди солимию варзиш ва фароғати кӯдакону наврасони мо бо заҳматҳои зиёд бунёд шудаанд, самаранок истифода барем!

Ёдовар мешавем, ки ин иқдом дар ҳошияи ҳашари тозагӣ ва сарсабзу хуррамгардонии умумишаҳрии ҳизбиёни пойтахт то ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.