Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – рисолати фарзандист

2024-04-08

Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997 - 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки якҷо бо намояндагиҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корбарӣ намоянд.

Дар ин замина рӯзи баргузории чорабинии гусели наваскарон аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо ҷалби аъзои ТҶҶ“ Созандагони Ватан” дар макони баргузори чорабини мазкур шиору овезаҳо ва парчамҳои ҳизбӣ таъмин карда, ба наваскарон аз ҷониби баъзе аз кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби соҳибкорону саховатмандони ватандӯст дастархони идона ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо таблиғу ташвиқ, баргузории чорабиниҳои хусусияти ҳарбӣ дошта, ҷавонони ватандӯсту меҳанпарастро бо ихтиёрӣ худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана сафарбар намуданд.