Баргузории мулоқоти судманд миёни сокинони маҳаллаи "Фирӯз"

2024-04-01

Дар доираи тақвияти корҳои идеологӣ ва маърифатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ миёни сокинони маҳаллаи «Фирӯз»-и ноҳия вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Меликзода Парвина, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Убайдулло раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Зокирзода Нусратулло, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абӯҳанифа - Нуъмон ибни Собит ва сокинон иштирок намуданд.

Нахуст, Қурбонзода Убайдулло сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас, Маликзод Парвина зимни баромади хеш атрофи мавзӯи «Дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди ҳимояи Ватан ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатдорӣ” суханронӣ намуд.

Дар идома Зокирзода Нусратулло «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба дарки мардум расонидани моҳияти анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, хонаи бенавоеро обод кардан, дасти камбизоатонро гирифтан баромад намуданд.

Чорабинӣ дар руҳияи баланди ифтихори ватандорӣ ба поён расид.