Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ

2024-03-28

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо аъзои ташкилот доираи мавзуи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои ичтимоӣ мулоқот доир намуд. Зимни суҳбат қайд гардид, ки дар замони муосир сиёсати давлат дар ин марҳилаи пурпечутоб ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар ин раванд саҳми ҷавонони кишвар ниҳоят бузург буда, онҳо уҳдадоранд, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрўза дар руҳияи ватандўстиву сулҳхоҳӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшанд.

Ёдоварӣ карда шуд, ки яке аз мушкилоти ҷавонон гаравидани баъзе аз онҳо ба мазҳабу равияҳои бегона буда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур ҳукумати кишвар чораҷўӣ карда истодааст.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла ҲХДТ як қатор ташаббусҳои муҳим роҳандозӣ намудааст.

Дар шароити ҳозираи ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба шуғл ҷалб кардани онҳо мебошад. Дар ин асос, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар сохтори худ садҳо марказҳои таълимии калонсолон, коллеҷҳо ва литсейҳои касбиву техникӣ доранд, ки аз имкониятҳои онҳо барои тарбияи кадрҳои коргарӣ, ба ҷавонони бекор омўзонидани касбу ҳунарҳои зарурӣ ва ба ҳамин роҳ таъмин намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон бо шуғли доимӣ васеъ истифода намудан зарур аст.