Каъба чӣ меравӣ, дилеро дарёб

2024-03-27

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин бори дигар хиради воло, таҳлили амиқ ва назари неки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи шинохти дини мубини Ислом чун дини инсонпарвар ва ҷудо намудани хурофот, ҷоҳилият, таълимоти экстремистӣ ва террористӣ аз таълимоти динӣ ва ҷилавгирӣ аз бегонапарастиву фарҳанги бегона ба ҳозирин нишон дод. 

Сарвари давлат дар ибтидои мулоқот як нуктаи муҳимро баён намуданд, ки гузаштагони мо барои рушду нумуъ ва пешрафти дини мубини Ислом саҳми боризеро аз худ ба ҷой гузоштаанд ва Имоми Аъзам Абуҳанифа ибни Нуъмон ибни Собит- пешвои яке аз мазҳабҳои калони дини Ислом аз аҳли миллати тоҷик буданд. Ҳамчунин Имом Бухорӣ, Имом Ғазолӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав ва чандин нафарони дигар аз аҳли миллати мо буданд, ки соҳиби тафсир ва баёнкунандаи каломи Илоҳӣ ва назари мантиқии худ барои башарият гардидаанд.

«Аммо боиси таассуф аст, ки бо ин ҳама таъриху фарҳанг ва гузаштаи бою пурғановатамон насли имрӯзаи мо аз ҳақиқати асли дину ақидаи гузаштагонамон дурӣ намуда, ба зоҳирпарастӣ, таассуб ва хурофоту бегонапарастӣ рӯй ниҳодааст», иброз намуданд дар идомаи суханрониҳояшон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд, ки мутаассифона, қисмате аз ходимони дин ба ҷойи он ки худашон намунаи ибрат дар ахлоқ ва амал ба дигарон бошанд, баръакс бо гурӯҳҳои ифротгаро ҳамдаст шуда, даст ба ҷиноят мезананд, ки ин амалҳои нангини онҳо ба шаъну шарафи миллати мо хос нестанд, инчунин дину диёнатро доғдор менамоянд ва аз ҷиҳати эътиқод низ дар байни омма таъсири манфӣ ба бор меоваранд.

Сарвари давлат ҳамзамон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки хурофот ва ҷоҳилии иддае аз нафарон боиси он гардидааст, ки муллоҳо ва нафарони камсаводе, ки ба табобати ғайриқонунӣ сару кор доштанд, аз ноогоҳии шаҳрвандон истифода бурда, онҳоро ба ҳар намуд истифода менамуданд. Нӯшидани оби дасти як идда муллоҳои бесавод, сари таъзим фуруд овардан ба онҳо, пойандоз андохтан дар сари роҳи мошини онҳо ва дигар амалҳои хурофотие, ки аз тарафи қисмате аз шаҳрвандони мамлакат барои чанд нафар ашхосе, ки худро «мулло» ва ё «табиб» гуфта, аз боварҳои содалавҳонаи мардум истифода менамуданд, на танҳо асоси илмӣ надоранд, балки ба ягон дину эътиқод амалан баробар намеоянд. Инчунин изҳори ташвиши амиқи худро аз он баён намуданд, ки наздик ба чанд ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи бовариҳои миссионерҳо ва таблиғкунандагони гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ гардида, дар чанд соли охир 24 нафари онҳо ба ҳайси худкуш худро ба ҳалокат расониданд, ки аз назари эътиқодмандии мусулмонӣ ин амалҳои онҳо ба таълимоти дини мо, мусулмонон мувофиқат намекунад.

Гузашта аз ин Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати ҳозиринро ба он ҷалб намуданд, ки қисмате аз мардуми мамлакати мо ноогоҳона ҳаҷ ё зиёрати Каъба, ки ҳатто Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) давоми рисолаташон як бор зиёрат намуда буданд, аммо мардуми мо онро ба чандин бор оварда расонидаанд, менамоянд, ки ин бар хилофи талаботи зарурати мусулмонӣ мебошад.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки хизмати падару модар, дасти кумак ба наздикону ҳамсоягон, сохтмони пулу роҳҳо, бунёди боғҳо ва мактабҳо амалҳои неке мебошанд, ки дар таъбир ва тафсири аксарият аз мазҳабҳои аҳли Ислом савоби онро аз ҳаҷи умра болотар медонанд.

Мо, сокинони мамлакат бояд ин даъватҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи зиндагии ҳаррӯза қарор диҳем, зеро гузаштагони мо низ ба мо чунин таъкид намуда буданд.

Дар тақвияти суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанием, ки мардуми фарҳангсолори мо ҳақиқати ҳаётро ҷузъи имон ва бовари худ медонистанд ва таҷрибаи ҳаёт, ки ба қавли устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зиндагонӣ худ бузургтарин донишгоҳи ҳар замон аст, моро вазифадор менамояд, ки ба чашми ҳақиқат ба зиндагӣ нигарем. Ончуноне, ки бузургворе аз аҳли миллати мо фармудаанд: «Каъба чӣ меравӣ, дилеро дарёб!».

Ҳамчунон гузаштагони мо шод намудани дили як шахс, сила намудани сари кӯдаки ятимеро аз иҷрои заруриёти бунëдии мусулмонӣ фаҳмида, ба он афзалият медоданд.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Ман аввал тоҷикам, баъдан мусулмон ҳастам»!!! Офарину сад таҳсин ба Роҳбари ватанпараст ва миллатдӯсти мо, ки дар баробари бунёди чандин масҷиду ҷамоатхонаву ибодатгоҳҳо ва шароит муҳайё намудан барои тоату ибодат барои шаҳрвандони мамлакат. Дастури Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷилавгирӣ аз либосҳои ғайримиллӣ ва бегона аз тарафи баъзе занон лоиқи дастгирӣ мебошад ва моро водор менамояд, ки маҷмуан аз фарҳанги либос ва расму фарҳанги мардумамон бо диди миллиамон андеша намоем. Хуб мешавад, ки барои дур шудани шаҳрвандони мо аз тақлиди ноогоҳона аз фарҳанги бегона консепсияи миллӣ - фарҳангии хештаншиносии шаҳрвандӣ таҳия карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин мулоқоти хосса ва пур аз ҳикмату хирадмандӣ ва дурнамои асосӣ барои ҷилавгирӣ аз хурофот ва бегонапарастӣ буда, он шаҳрвандони мамлакатро водор менамояд, ки барои ҳифзи фарҳанги ҳазорсолаи мо ва нигаҳдории марзу буми аҷдодиамон талош намуда, Ватани ягонаамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Анвар Иматшозода,

иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи

Ишкошими ВМКБ

Манбаъ: АМИТ «Ховар»