ҲХДТ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЯД!

2024-03-24

Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамлаи террористиро ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия, аз ҷумла кӯдакону занон ба ҳалокат расида, теъдоди зиёд захмӣ шуданд, шадидан маҳкум менамояд.

Ин кирдори зӯроварии ғайрииинсонӣ наметавонад бо ягон далел асоснок карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.

Сарвари давлати мо дар соати мотами миллӣ дар Федератсияи Русия ҳамбастагии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари рус таъкид намуда, ба наздикони қурбониён ва тамоми мардуми Русияи дӯст ҳамдардӣ ва пуштибонии амиқи худро изҳор доштанд.

Раиси муаззами ҳизб борҳо иброз доштанд, ки терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро. Террорист ватан ва миллат надорад, ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Дар паёми худ ба шаҳрвандони Русия Президенти иш кишвар Владимир Путин низ таъкид намуд, ки террористҳо ва қотилон шаҳрвандӣ надоранд.

Федератсияи Россия кишвари сермиллат буда, садҳо ҳамватанони мо бо меҳнати ҳалол ва софдилона дар ин мамлакат фаъолият мебаранд. Вале имрӯз созмону гурӯҳҳои террористӣ дар байни халқиятҳои гуногуни ин кишвар тухми нифоқ мекоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз имкониятҳои технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Дар ин рӯзҳои барои ҳамаи мо вазнин гурӯҳҳои террористӣ бо ҷамоатҳои радикалии динӣ, миллатгаро ва дигар ҷиноӣ муттаҳид шуда, дар заминаи эътиқоди динӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ хусумат, хушунат ва бадбиниро ба вуҷуд меоранд. Мо аз халқи бародарии рус даъват менамоем, ки ба ин иғвогариҳо дода нашаванд.

Кишвари мо дар хатти аввали мубориза бо хатари ифротгароиву терроризм қарор дошта, на танҳо минтақа, балки қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳурот ҳимоя мекунад. Тоҷикистон солҳои 90-уми асри XX ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифта буд. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд. Заковати мардум ва иттиҳоду ҳамбастагӣ тавонист, ки мамлакатро аз зулмот ба сӯйи ояндаи ободу дурахшон раҳнамун созад.

Мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд.

Пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм, инчунин, ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои барномавии ҳизбӣ маҳсуб меёбад.

ҲХДТ баҳри пешгиии зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили экстримизм, терроризм ва ҷаҳолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, чораҳои муассир андешида, тадбирҳои заруриро мунтазам роҳандозӣ менамояд. Дар ин замина, пешбурди дипломатияи пешгирикунанда ҳамчун омили муҳимми устуворгардонии мубориза бо густариши ҷараёнҳои террористӣва экстремистӣ саривақтӣ дониста мешавад.

Бори дигар ба халқи дӯст ва бародари Россия ҳамдардии амиқ баён карда, ба зарардидагон шифои комилу оҷил орзумандем.

Ғамшарики Шумоем, Россия!

КИМ ҲХДТ