Қадами хайру муборак қадами Наврӯз аст

2024-03-20

Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи оғози  зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи мағфирати гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ ва ҳамдилӣ аст. Дар ин рӯз баъзе мардум ба аёдати беморон мераванд, меҳмони азизи ҳамдигар мешаванд, гузаштагонро ёд мекунанд. Барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашн мардуми тоҷик интизор шуда, тайёрии пешакӣ мебинанд. Пеш аз ҳама, маҳал, кӯча ва хонаҳои худро тоза мекунанд, деворҳоро рангу бор менамоянд, гандумро дар зарфе месабзонанд ва аз он хӯриши пурлаззати суманак мепазанд. Дар вақти пухтани суманак асосан занону духтарон бо кафгири калон дегро то саҳар мекобанд, дар гирди дег сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекунанд. Бештар дубайтиҳо, рубоиҳои лирикӣ ва баҳорияҳо суруда мешаванд. Дар баробари тоза кардани хонаю ҳавлӣ мардум дастархони идона ороста, дар руйи он бо ҳавасу орзу нозу неъмати зиёд мегузоранд. Дар руйи дастархони идона одатан ҳафтшину ҳафтсин низ мегузоранд.

Дар ҷашни Наврӯз мардум либосҳои рангаи миллӣ ба бар менамоянд, вале як қисми онҳо ба либоси рангаш сафед афзалият медиҳанд, зеро дар гузашта ин рангро рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоишу барори кор меҳисобиданд.

Ҳамин тавр, дар вақти таҷлили ҷашни бошукӯҳи Наврӯз, ки расму маросимҳои пурасрор дорад, мардуми навоҳии мухталифи кишвари мо бо хусусиятҳои ба худ хос онро ҷашн мегиранд.

Ҷашни Наврӯз айёми баробар шудани шабу рӯз аст, яъне асоси астрономӣ дорад ва тавъам ба қонуниятҳои олам буда, мавсими эҳёи табиат ва оғози киштукори баҳорӣ аст. Деҳқон ба фаъолият оғоз менамояд, ки аз файзу баракати меҳнати он амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволии мо таъмин мегардад.

Ҷашни Наврӯз барои мардумони форсизабон аз давраҳои қадимтарин анъана ва маросими хеле муҳими аҷдодӣ буд, ки имрӯз бо ташаббуси Роҳбари давлати мо ва дастгирии роҳбарони дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо қарори ЮНЕСКО ба ҷашни умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар осори назмию насрии кулли адибони адабиёти оламшумули тоҷику форс, дар тазкираҳо, таърихнигориҳо, тасвирҳо, рисолаҳои олимони бостон ва умуман ҳамаи сарчашмаҳои бузурги таърихӣ ва адабию илмӣ оид ба баҳору Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ ба таври возеҳ сухан меравад. Васфи Наврӯз бештар дар адабиёти шифоҳии мардуми форсизабон, аз ҷумла тоҷикон ба таври васеъ ва дилчаспу меҳбор таҷассум гардидааст.

Чун ҷашни Наврӯз ва қудуми мубораки он ба эҳёшавии табиат, ба давраи рустанҳову бедоршавии замин, ба марҳилаи озодагию покии рӯзгори инсонҳо, ба сабзгунии муҳиту табиат, ба фарорасии гармию рӯшноӣ, ба тавлиди меҳр ва тафси ишқу шӯри ҷавонӣ рост меояд, шоирону қаламкашон ва худи мардум низ ба илҳом омада, васфи Наврӯзу баҳорро аз умқи дил месороянд:

                   Булбулон аз бӯи Наврӯзӣ ба фарёд омаданд,

                   Кам наем аз булбуле, мо низ фарёде кунем...

Бо истифода аз фурсати мувофиқ кулли ҳамватанони шарафманд ва тамоми мардуми оламро ба фарорасии Соли нав, нахустқудуми хайру мубораки Наврӯзи оламиён мубораку таҳният гуфта, ба хонадони кулли инсонҳои рӯи замин нуру сафо мехоҳем. Бигзор Наврӯзи муборакқадам ба ҳар як оила, ба ҳар кадоми шумоён амониву фаровонӣ ва тани сиҳату хотири ҷамъ ва дили беғам эҳдо оварад.

                 Баромад боди субҳу бӯи Наврӯз,

 Ба коми дӯстону бахти пирӯз.
Муборак бодат ин солу ҳама сол,
Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

 

Саидамиров Умедҷон, табиби

асабшиноси Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”,

аъзои фаъоли КИИ “Истиқлол”