Наврӯз моҳиятан ҷашни мардумӣ ва ойини сирф табиӣ мебошад

2024-03-20

Имрӯз барои миллати тамаддунофари тоҷик ва кулли мардуми олам Наврӯз ба ҳайси ёдгори беназири ниёгони арзи ҳастӣ дорад ва собитсозандаи таърихи пурифтихори ниёгони шуҳратёри мо маҳсуб мешавад.

Наврўз аз замони пайдоишаш то имрўз тараннумгари зебоиву накўӣ буда, сифатҳои эҳёгариро ҷузъи ҷудонопазири инсон ва табиат мешуморад. Яъне дар нимкураи шимолиии Замин фасли сармо поён мепазирад ва рўзгори гарму нарм фаро мерасад. Кам шудани сардӣ, об шудани яхҳо ва нарм шудани ҳаво ба одамон пайки шодӣ медиҳад: сабзаҳо сар мекашанд, дарахтон муғча мебанданд ва қабои сабз бар тан мепўшанд. Одамонро неруи тоза дар ҷисм ҷўш мезанад, шавқи зистану кор кардан дар дилашон дучанд мешавад, ки ҳамаи он аз баракати Наврўз аст.

Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз,  аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардум ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст, маҳз бо талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни аҷдодии мо  иди Наврӯз бо ҳама анъанаҳояш бо шукуҳу нусрати хос дубора эҳё гардида, аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуд.

Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврўзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дуст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад.

Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии худ ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад.

Мавқеи ҷаҳониро касб намудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад.

Аз ин рӯ, мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад.

Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд.

Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар як фарди бонангу номус, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми неруи ҷисмониву зеҳнии худро ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд.

Бигзор, Ҷашни Наврӯз ҳамчун решапайванди наслҳо, пайвандгари дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намояд.  

Имрӯз, ки давлати  мо мустақилияти комилро соҳиб гардидаасту мо худро бо ифтихор ворисони Оли Сомон мегўем, месазад, ки бо ҳидоятҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовоз гардида, чун одату суннати пешинаамон баҳри ҷашнгирии Наврўз, ки оғози соли нав аст, бо қадамҳои устувор ва бо дилу нияти неки ояндадор бо муттаҳидию ваҳдату сарҷамъӣ баҳри он бикушем, ки дар ватани азизамон - Точикистони соҳибистиқлол озодиву ободӣ ва фаровонию пешравиҳои иқтисодию, сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба амал оянд.

Кулли мардуми тоҷик ва тоҷикистониро бо фарорасии фасли баҳор ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як шумо  тандурустӣ, зиндагии босаодат орзу менамоям.

Исматзода Маҳмуд,

вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихботии 28,

раиси ташкилоти ибтидоии “Ноқили талко