Раванди татбиқи сиёсати гендерӣ ва тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа

2024-03-02

Муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ дар идомаи курси омӯзишӣ барои ҳизбиёни ҷумҳурӣ, дар мавзӯи “Раванди татбиқи барномаҳои ҲХДТ дар самти сиёсати гендерӣ ва тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа”, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул дар бораи вазъи гендерӣ ва ҳуқуқи занон ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар бораи мавқеи занон дар ҷомеа маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

 Аз ҷумла дар баромадҳо таъкид гардид, ки имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам тақвияти мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ менамояд. Барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатмандро 20 сол қабл қабул кард, дар доираи татбиқи ин санади муҳим масъалаи ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ  намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон тадриҷан ба эътидол оварда мешаванд. 

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор ба миён омада, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои муносиб гирифтанд.