Идомаи сафари ҳайати кории Ҳизби Коммунистии Хитой

2024-02-23

Дар доираи ташрифи ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Хитой бо роҳбарии аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Хитой, муовини якуми Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Хитой ҷаноби Се Чунтао бо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот вобаста ба таҳкими қонунгузорӣ байни ин ду кишвар, табодули таҷриба оид ба таҳия ва такмили санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сипас ҳайат бо роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор аз Қалъаи Ҳисор дидан намуданд.

Меҳмонон баъди тамошои мавзеи таърихӣ таассуроти худро оид ба фарҳанги волои тоҷикон, пайванди ногусастанӣ дар таҳкими равобити дустию бародарӣ байни ду миллат, саҳми арзишманди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Хитой дар таҳкими равобити кишварҳо, решаҳои таърихии дӯстии миллатҳо, саҳми тоҷикон дар таҳкими “Роҳи бузурги абрешим”, меҳмоннавозии тоҷиконро ба неки арзёбӣ намуданд.

Нимаи дуюми рӯз, ҳайати меҳмононро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ пешвоз гирифтанд. Зимни боздид аз Осорхонаи миллӣ, ҳайати меҳмонон бо таъриху фарҳанги пурғановат, расму ойин ва ҳунарҳои миллии халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Давоми рӯз, ҳайат аз Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Пас аз истиқболи гарми роҳбарият дар саҳни ин боргоҳи тарбияи кадрҳои идоркунандаи давлатӣ, меҳмонон аз Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, толори Шӯрои Олимони Академия, маркази солимгардонии Академия парки технологии Академия, Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон», «Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академия»-ро тамошо карданд. Зимни боздид зикр гардид, ки бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, то имрӯз ҳамчун боргоҳи омода намудани кадрҳои бомаҳорати соҳаи идоракунии давлатӣ фаъолият менамояд.

Меҳмонон аз қабули сатҳи шоиста ва истиқболи самимӣ изҳори сипос баён намуданд.