Нақши ҷавонон дар устувор гардонии мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

2024-02-21

Бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон - «Созандагони Ватан» ба ифтихори ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар устувор гардонии мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», баргузор гардид.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон - «Созандагони Ватан» ба ифтихори ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар устувор гардонии мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар Форуми мазкур кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, роҳбарони намояндагии Ташкилоти ҷамъятии ҷавонон «Созандагони Ватан», дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, волонтёрон, мудирони шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло, Форуми мазкуро ба муносибати 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшид.

Сипас Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шоҳиён Абдусаттор - муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сураҷ Чоршанбезода – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар суханронии худ қайд намуд, ки бо дарки масъулият дар назди миллат ва ҷомеаи кишвар, бо садоқат ба сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки тамоми тадбирҳои хешро бо такя ба неруи ҷавонон тарҳрезӣ намуда, ҷавононро ба ҳайси насли ояндасози Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати худ ҳамқадам меҳисобад, ҳар кадоми Шумо, ҷавонони гиромӣ бояд ба ҳисси баланди ватандӯстиву гиромидошти Ватан, обу хоки кишвари маҳбуб ва ифтихори миллӣ дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон пешсаф ва бо маданияту фарҳанги баланди шаҳрвандӣ намунаи ибрати дигарон бошем.

Сипас Шоҳиён Абдусаттор - муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ қайд кард, ки имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк намоянд, ки Артиши миллӣ қобили ҳифзи марзу буми кишвари худро доранд ва халқ метавонад таҳти ҳимояи он ҳаёти осоишта ба сар барад. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд. Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд”.

Сураҷ Чоршанбезода – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи замони истиқлол буда, ҳамқадам бо аъзо, ҷонибдорон, кулли мардуми ватандӯст, заҳматпешаву пешоҳанг ва фидокору ободгар барои пешрафти тамоми соҳаҳо ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор мегузорад ва сиёсати боварибахшро роҳандозӣ мекунад.

Дар идомаи форуми мазкур Раҳимзода Аҳмад – аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” (синни даъвати) ибрози андеша намуданд, ки имрӯз сарбозони шуҷои Ватан давомдиҳандагони роҳи пурифтихори фарзандони номвари диёр мебошанд. Зеро таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон мардуми матину, ҷасур ва устувору тавоно мебошанд.

Итминон дорем, ки бо хизмати шоистаи худ, таҳти роҳбарии хирадмандонаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузошта, хизмати шоиста хоҳанд кард.

Аз ҷавонони даъват ба амал меорем, ки баҳри ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмати софдилонаву содиқонаро ба ҷо оранд.

Биёед, мову шумо баҳри ин сарзамини биҳиштосо, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хизмати Модар – Ватан сафарбар шавем

Қисмати дигари Форуми мазкур тибқи барнома дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва дигар иштирокдорон зимни суханронӣ афсарон ва курсантонро ба муносибат Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, дар фарҷоми чорабинӣ ҷавонони фаъоли аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои саҳми арзанда дар татбиқу амалисозии ҳадафҳои созандаи ҳизб бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ТҶҶ «Созандагони Ватан», сарфароз гардонида шуд.

Инчунин аз ҷониби кумитаи тадорукот хуроки нисфирӯзи ва барномаи фарҳангӣ барои иштирокдорони Форум, афсарон ва курсантон таҳия ва пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон тибқи барномаи Форум муроҷиатномаи иштирокчиёни Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон - «Созандагони Ватан» ба ифтихори ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар устувор гардонии мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» - ро қабул карда шуд.