Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Озмоишгарон" таъсис ёфт

2024-02-20

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Маркази экспертизаи санитарию эпидемологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти хадамот баргузор гардид.

Дар он Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ятимов Илҳом, директори Муассисаи давлатии Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти хадамот ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Нахуст, Ятимов Илҳом, директори муассиса маҷлисро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки кормандони муассисаи ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамар менамоянд.

Сипас Қурбонзода Убайдулло маҷлисро пеш бурда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ҳамчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Инчунин гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.

Мувофиқи баррасии рӯзномаи маҷлис кормандони Муассисаи давлатии Маркази экспертизаи санитарию эпидемологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти хадамот, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.

Инчунин тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб дар Муассисаи давлатии Маркази экспертизаи санитарию эпидемологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадоти хадамот, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва он “Озмоишгарон” номгузорӣ карда шуд.

Дар идома тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои ҳизб. раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Озмоишгарон” Ятимов Илҳом интихоб карда шуд.